Озодӣ ба Далер Шарифов!

Боздошт, лату кӯб ва сӯиқасд ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон кори наве нест ва то имрӯз садҳо рӯзноманигор қурбонии ин ваҳшоният шудаанд. Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик – Раҷаби Мирзо дар гурӯҳи фейсбукии худ: “Ахбор барои афкор” хабар дод, ки дирӯз тақрибан соатҳои 11-и субҳ Далер Шарифов – рӯзноманигори ҷавон ва далери тоҷикро кадоме ба сӯҳбат хондааст ва сар аз он бедарак шудааст. Талоши хонавода ва наздикони Далер барои пайдо кардани ӯ он рӯз бенатиҷа монд ва мақомот аз ин рӯхдод бедаракӣ нишон доданд.

Радиои Озодӣ дар ҳамин ҳол хабар дод, ки Далер Шарифовро дар идораи амнияти ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ ва бозпурсӣ мекунанд. Бино ба маълумоти манбаи Озодӣ намояндагони мақомот хонаи Далер Шарифовро кофту коб карда, адабиёти сирилики ӯро номнавис, вале компютер ва китобҳое бо алифбои арабиро бо худ бурдаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки Далер Шарифов бо чӣ иллате боздошт шудааст, вале тахмини мо ин аст, ки мавҷи боздоштшои ҳафтае пеш, ки хирадмандон ва бедорони миллатро бо баҳонаи ихвонӣ будан боздошт карданд, ки дар миёни боздоштшудаҳо устодони донишгоҳҳо номзадони илм ва рӯҳониёне ҳам будаанд, пои Далерро ҳам бо худ кашида бошанд!

Дар ин боздоштҳо муҳим Далер будан ва ё номзади илм ва ихвонӣ будан нест, ин танҳо баҳонае барои боздошт асту бас! Иллати боздошт, ин бедорӣ ва ба тафаккури ҳукумат созгор набудани биниш ва боварҳои боздоштшавандаҳост. Ҳукумат аз қонуни нонавиштаи; ҳар кӣ бо мо нест, пас душмани мост, ба кор мебарад ва қишри бедори ҷомеаро ба нобудӣ мерасонад. Бо вуҷуди ин ки солҳои охир, матбуот дар тоҷикистон дар ҳолати ваҳиме қарор дораду аксари расонаю маҷаллаҳо, сомонаҳо ва ҳатто дафтарҳои онҳо баста шуданд, лекин ин танҳо шомили матбуот ва рӯзноманигорон нахоҳад буд. Ин вабо яке пушти дигаре ба тамоми қишри ҷомеа хоҳад расид. Ва дар охир ҳатто худи тарафдорони режимро нобуд хоҳад кард.

Инак на танҳо рӯзноманигорон, балки тамоми мардум ва намояндагони ҷомеаро мебояд дар симои Далер аз худ ҳимоя кунанд ва нагузорем, ки ин Заҳҳок моро яке пушти дигаре луқмаи морони худ кунад! Шумори андаке аз ашхоси бедор ва рӯшанфикр боқӣ мондаасту бас, нагузорем то ҷомеаи моро пас аз ин ба як ҷомеаи бардадорӣ табдийл диҳанд.

Бахши иттилоотии “Гуруҳи 24”