Нишасти Гурӯҳи 24 ба муносибати шаҳодати роҳбари фақиди ин ҳаракат – Умаралӣ Қувватов

Рӯзи 5-уми марти соли равон, дар шаҳри Кюлни Олмон ба муносибати сеюмин солрӯзи шаҳодати роҳбари фақиди “Гурӯҳи 24” – Умаралӣ Қувватов, нишасте доир гардид. Фаъолон ва намояндагони “Гурӯҳи 24 ” аз якчанд кишварҳои урупоӣ барои ширкат дар ин нишаст ба Олмон ташриф оварданд. Беҳрӯз Тағоизода, масъули бахши ҷавонон ва мутахассиссозии “Гурӯҳи 24 ” ровии нишаст буд ва ибтидо риштаи суханро ба роҳбари бахши олмонии “Гурӯҳи 24 – Маҳмадраҷаб Саидалиев доданд. Маҳмадраҷаб Саидалиев маҳфилро оғоз карда, аз меҳмонон ва ҳозирин истиқбол карданд. Абӯзар Хоҷазода, фаъоли “Гурӯҳи 24” перомуни зиндагӣ ва кору фаъъолияти роҳбари шаҳид – Умаралӣ Қувватов сӯҳбат кард ва аз чӣ гуна ба шаҳодат расонидани ин марди некном ва ватандӯст аз ҷониби Раҳмонови золим ва қотилони ӯ ёдовар шуд.

Яке аз дигар фаъъолони гурӯҳ – Муҳаммадҷон Абдуллоев атрофи ҷойгоҳ ва касби подоши шуҳадо назди Худованд суханронӣ кард ва ёдовар шуд, ки шуҳадо намемиранд ва балки зиндаанду назди Парвардигорашон рӯзӣ мехӯранд. Меҳмонони ин нишаст: Вайсуддин Одинаев бародари Эҳсон Одинаев ва Акмал Астанаев фаъоли “Гурӯҳи 24 ” низ, ёдҳо ва хотираҳоеро аз ин роҳ баста ба ин рӯз сӯҳбат карданд.

Роҳбари “Гурӯҳи 24”, Сӯҳроб Зафар бошад, ба таври мубошир (онлайн) ширкат ва суханронӣ карданд . Ӯ перомуни таъсири як нафар ва як нафар то куҷо метавонад вазъро тағйир диҳад сӯҳбат кард ва гуфт: агар сухан аз манофеъи хусусӣ бошад, ва ба фоидаи шахс бошад, танҳо аз худаш ном мебарад ва мегӯяд: ин ман ҳастам ва ман худам кардам, вале чун сухан аз манофеъи ҷомеа ва мардум рафт, айни кас тағйири сухан мекунад ва баръакс мегӯяд; аз дасти ман як нафар чӣ меояд, ва ман ба танҳоӣ чӣ метавонам кард? Ин айни кирдору гуфтори Раҳмонов ҳаст. Ҳар гоҳ коре хубе аз ҷониби ҳукумат ва ё ҷомеа анҷом шавад, дарҳол онро ба номи худаш расонаӣ мекунад, вале ин ҳама мушкилот ва сахтиҳои ҳукумат ва мардумро бар дӯши худи мардум ва шахсҳои алоҳида ҳаво медиҳад.

Расо се сол пеш, дар ҳамин рӯз – 5-уми марти соли 2015-ум асосгузори “Гурӯҳи 24” – Умаралӣ Қувватов дар шаҳри Истонбули Туркия аз ҷониби ҷосуси ҳукумати Раҳмонов – Сулаймон Қаюмов ва шарикони қотили ӯ ба шаҳодат расонда шуд. Сулаймон Қаюмов яке аз қотилони Умаралӣ Қувватов ба ҳабси абад гирифта шуд. Вале қотили аслии Умаралӣ Қувватов ва боз садҳо ҷавонмарди ватандӯсту накӯкор, ки куштаву зиндонӣ шудаанд , худи Раҳмонов мебошад ва ҳанӯз даст ба зулму куштор дорад. Аммо ҳатман Раҳмонов ва ҳукумати ситамгари ӯ рӯзе ба дасти ин мардуми ситамдида сарнагун хоҳад шуд.

   

Бахши иттилоотии ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24