Намоиши эътирозии фаъолони ” Гурӯҳи 24″ дар назди сафорати Русия дар Лондон

28 сентябри соли равон аъзоёни фаъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ дар назди сафорати Русия дар Лондон дар робита бо рабуда шудани узви ҳаракати сиёсӣ Шобуддин Бадалов дар қаламрави Русия пикети эътирозӣ доир намуданд. Иштироккунандагони пикет бо шиорҳои ” Фаъоли сиёсӣ Шобуддин Бадалов аз ҷониби пулиси Русия рабуда шуд!” ва ” Ба дастгирии диктатор ва ғосиб Раҳмонов хотима бахшед!” ба сафорати Русия дар Бритониё ва дар симои ӯ ба мақомоти кишвар, махсусан Вазорати корҳои дохилии Русия хитоб карда, талаб намуданд, ки ҳарчи зудтар ба қазияи Шобуддин Бадалов, ки дар ҳудуди Русия аз ҷониби пулиси ин кишвар рабуда шуд, равшанӣ андохта, ба ҳамкорӣ бо режими худкома ва зиддимардумии Раҳмонов хотима бахшанд.
 
Ёдовар мешавем, ки сабаби боздошти фаъоли “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов, ки то 30 августи соли 2020 дар Русия мақоми паноҳандагӣ дошт, то ҳол ба мо маълум нест. Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, Шобуддин Бадалов дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон қарор дорад, вале мо талаб дорем ки ин матлабро аз забони мақомоти Русия ва Тоҷикистон бишнавем ва онҳо қазияро шарҳ диҳанд.
 
Ин аввалин бор нест, ки як фаъоли сиёсӣ дар Русия бедарак мешавад. 19 майи соли 2015 узви дигари созмони сиёсии мо Эҳсон Одинаев, ки сарнавишташ то ба ҳол номаълум аст, дар шаҳри Санкт-Петербург рабуда шуд. Роҳбари ҳаракати сиёсии “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” Мақсуд Иброҳимов 20 январи соли 2015 рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод ва ба муддати 17 сол ба зиндони низомаш сахт аз озодӣ маҳрум гардид.
 
Бояд махсусан таъкид намуд, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз ҷониби кишвари Русия ҳамчун “созмони ифротӣ” эътироф нашудааст ва тибқи қонунгузории Русия дар қаламрави ин кишвар фаъолияташ маҷоз аст. Чанде аз фаъолони “Гурӯҳи 24” дар Русия мақоми паноҳандагӣ дарёфт намуданд. Дар тӯли чанд соли охир, бисёре аз онҳо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон борҳо боздошт шуданд, вале бо қарори додгоҳҳои Русия на танҳо ба Тоҷикистон истирдод нагардиданд, балки аз толори додгоҳҳо озод карда шуданд.
 
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” қотеъона мехоҳад, ки минбаъд бо баргузории пикетҳои эътирозӣ дар назди сафоратхонаҳои дигар кишварҳо парвандаи Шобуддин Бадаловро дар чаҳорчӯбаи қонунҳои байналмилалӣ ва Русия то охир пайгирӣ кунад ва инчунин таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба ин масъала ҷалб намояд.
 
Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24”