Мулоқоти намояндагони “Гурӯҳи 24” бо вакили Порлумони Аврупо – Ҷорҷ Эпитайдиос

Дирӯз (25.04.2018) ҳайати “Гурӯҳи 24” дар севумин рӯзи сафари кории худ дар Брюссел пойтахти Белгия, бо вакили Порлумони Аврупо, Ҷорҷ Эпитайдиос аз ҷумҳурии Юнон, узви кумитаи равобити хориҷӣ ва ҳайати кории миёни Порлумони Аврупо ва Туркия мулоқот доир намуданд. Зимни ин вохӯрӣ, намояндагони ҳаракат вазъияти бӯҳронии Тоҷикистонро бо ӯ баррасӣ намуданд. Яке аз муҳимтарин нуқтаҳое, ки дар миён гузошта шуд, қазияи боздошти роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар Туркия буд, ки ҷонибҳо перомуни ҳалли он табодули назар карданд. Дар умум, мулоқот дар фазои хело хуб доир гашта, умед меравад, барои рафъи мушкилоти зикршуда дар зудтарин фурсат чораҳои зарурӣ дида шавад.

Ёдовар мешавем, ки роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия- Насимҷон Шарифов бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Туркия дар санаи 19-уми марти соли равон боздошт шуданд ва то ҳанӯз таҳқиқи парвандаи онҳо идома дорад. Ҳамзамон ҳукумати Тоҷикистон саъю кӯшиш дорад то ин фаолони сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод намояд

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24