Маҷлиси ҷамъбастии солонаи Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24»

Рӯзи 29 декабр Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” ҷаласаи ҷамъбастии солонаи худро дар шакли онлайн баргузор кард.
Ҷаласаро масъули бахши фарҳанг Убайдулло Саидӣ ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи – 24» ҳамасола дар назди мардум ва аъзои ҳаракат ҳисобот медиҳад.


Сипас сухан ба масъули бахши иттилоот ва таблиғот Беҳрӯз Тағойзода дода шуд. Ӯ ба ҳама барои ҳамкориҳо изҳори сипос намуда, фаъолияти бахшро натиҷагирӣ намуд ва аҳамияти барномаҳои «Ҳақ ва ботил», «Садои мардум» ва ҳамчунин барномаи «Самти нав»-ро, ки дар як соли ахир пайдо шуд, таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ дар маҷмӯъ соли гузашта 305 барномаҳои “Гурӯҳи – 24” ба эфир баромад, ки 23 миллиону 500 ҳазор нафар онҳоро тамошо кардаанд. Сомонаи расмии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи -24” бошад, 58 матлабро дар бораи масоили доғи ҳаракат ва ҷомеа ба нашр расонд.


Баъдан Саидалӣ Ашӯров, раиси бахши равобити байналмилалӣ ва сухангӯи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” дар бораи фаъолияти як соли ахираш сухан гуфт. Вай таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рӯйдодҳои ғамангез: рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод шудани Шобуддин Бадалов ва Раҳматҷони Маҳмадҷон ҷалб карда, дар бораи фаъолияти худ дар иртибот бо ин ҳодисаҳо нақл кард. Вай инчунин перомуни иштироки аъзои ҳаракат дар конференцияҳои байналмилалии Утриш ва Лаҳистон сухан ронд.
Сипас масъулини ҳаракат дар Гурҷистон Комрон Раҳимов, дар Укроин Зафар Ғоибов ва фаъъоли ҳаракат Абӯзар Хоҷазода дар бораи фаъолияти яксолашон маълумот доданд.
Муовини раиси ҳаракат Ҳусейн Ашӯров дар суханронии худ ҳозиринро бо тағйироти кадрӣ дар Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» шинос намуд:


1. Нуриддин Ризоӣ аз вазифаи масъули равобити байналмилалӣ озод карда шуд.
2. Саидалӣ Ашӯров аз вазифаи сухангӯ ба вазифаи масъули бахши робитаҳои байналмилалӣ гузаронида шуд.
3. Саидалиев Маҳмадраҷаб намояндаи ҳаракат дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таъин карда шуд.
4. Убайдулло Носиров аз вазифаи масъули бахши фарҳанг ба вазифаи сухангӯи ҳаракат гузаронда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа Сӯҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст карда, бахусус аз афзоиши маҳбубият ва шумори тарафдорони “Гурӯҳи- 24” таъкид варзид. Ба гуфтаи ӯ имрӯз мардум ба ҳаракат эътимод доранд ва ин хеле муҳим аст. Имрӯз Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” қодир аст бо режими истибдодии Раҳмонов муқобилат кунад. Сӯҳроб Зафар ҳамчунин аз нақшаҳои ояндаи ҳаракат, бахусус дар бораи ифтитоҳи намояндагиҳо дар кишварҳои дигар нақл кард.
Роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар поёни суханронии худ ба тамоми ширкаткунандагони ҳаракат ва мардуми кишвар дар мубориза бар зидди режими Раҳмонов барору комёбиҳо таманно кард.


Бахши иттилоотии Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24».

Навори пурраро метавонед инҷо пайдо кунед!

https://youtu.be/gRf_BN6k8xE