Матни табрикотии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба муносибати Рӯзи модарон

Дар Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб 8 март на ҳамчун рӯзи байналмилалии занон, балки бо номи рӯзи модарон таҷлил мешавад, аммо мардум ҳанӯз тибқи анъана дар ин рӯз тамоми занонро табрик менамоянд.

Дар ин рӯз сараввал мо мехоҳем таваҷҷӯҳи ҳамагонро ба мушкилоти занони ҷомеаи Тоҷикистон ҷалб кунем. Дар кишвари мо зан-модар ва  духтар будан хеле душвор аст, зеро ҳанӯз махсусан дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст стереотипҳое мавҷуданд, ки занон бояд ба мардҳо комилан итоат кунанд, муносибати бераҳмона ва ҳатто зӯровариро таҳаммул намоянд, набояд таҳсил ва шуғле эҷод кунанд.

Дар ҷомеаи имрӯза  бисёриҳо бидуни сабти давлатӣ то ҳол танҳо тибқи ойинҳои динӣ издивоҷ мекунанд, ки ин як мушкилии бузургеро ба бар меорад, зеро зан қонунан ҳуқуқ надорад ва дарк намекунад, ки дар сурати талоқ  бе рӯзӣ хоҳад монд ва ба зӯроварии маънавӣ ва ҷисмонӣ гирифтор мешавад. Даст ба худкушӣ задани занони тоҷик ҳодисаи муқаррарӣ нест ва сабаби асосии он беҳуқуқии комил ва ноамнии онҳо мебошад. Ҷое барои дархости кӯмак пурсидан нест, ба полис муроҷиат кардан бефоида аст, амалан ягон хадамоти иҷтимоӣ бо занони қурбонии хушунати хонаводагӣ кор намекунад ва инчунин дастрасии кумаки ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ низ барои онҳо  вуҷуд надорад.

Аз ҷониби давлат ҳеҷ коре анҷом дода намешавад, ки бо як роҳе мавқеи занонро дар ҷомеа сабук кунад. Чунин ба назар мерасад, ки он дар моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баробарии мардон ва занон навишта шудааст, аммо барои амалӣ шудани он  солҳои дароз дар ин самт кор кардан лозим аст. Зарурати таҳсили духтарон, ғайри қобили қабул будани никоҳи динӣ бидуни сабти пешакии давлатӣ ва ғайри қобили қабул будани хушунати хонаводагӣ ва ҷазо барои он бояд дар сатҳи қонунгузорӣ  пазируфта шавад. Ва қонунҳо на танҳо бояд қабул карда шаванд, балки риояи ҳатмии онҳоро назорат карда, барои татбиқашон кадрҳои касбӣ тайёр кардан лозим аст. Эҷоди  системаи ҳифзи иҷтимоии занони дар ҳолати душвор қарордошта зарур аст.

Дар ҳоле, ки давлат  ин мушкилотро нодида мегирад, мо мехоҳем аз ҳама даъват намоем, ки ҳар як зан ҳоло ва ё дар оянда модари касе ҳаст, аз ин сабаб бо онҳо меҳрубон ва бодиққат бошед, дар мушкилӣ онҳоро танҳо нагузоред. Тавре ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд, “Биҳишт зери қудуми модарон аст…”  ва ба қавли дигари бузургон дарҳои осмон барои онҳое боз мешаванд, ки модаронро қадр мекунанд ва эҳтиром менамоянд. Инро мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, зеро  ин фарҳанги ҳақиқии мост. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” на танҳо як рӯзро балки ҳамам рӯзро барои  Модарони азизи кишварамон рӯзи муқаддас ва ҷашн меҳисобад  ва барояшон беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу менамояд.

 Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″