Масхарабозӣ: Манофеъи хусусӣ бар ҷои манфиатҳои миллӣ

Нисфи аъзои ҳукумати худкомаи Раҳмонов, таҳти раҳбарии раиси палатаи болоии Парлумон – Убайдуллоев Маҳмадсаид 20-уми октябри соли 2014-ум ба шаҳри Маскав омаданд. Дар доираи ин ҳайат, ҳамчунин муовини сарвазир – Муродалӣ Алимардон, Вазири ВКД – Рамазон Раҳимзода, вазири “Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” – Сумангули Тағойзода, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – Шодихон Ҷамшед, раҳбари Академияи илмҳои ҶТ – Фарҳод Раҳимӣ ва дигарон иштирок намуданд. Ба ғайр аз онҳо, зиёда аз 100-нафар сарояндаву раққосаву навозандагон иштирок варзиданд.

Ин миқёси аҷиби иштирокчиён, аз ҷумла вазирон ва шумораи онҳо аён аст, ки 4-умин рӯхсатномаҳои байнипарлумонӣ мегузарад, аммо ин гуна шумори зиёд надошт. Пас, ин чӣ ҳадафест? Мақсади ташрифи онҳо ба чӣ хотир аст? Аз посухи Убайдуллоев Маҳмадсаид, мақсади шумори зиёди иштирокчиёну вазирон ба хотири мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар бобати мушкилиҳои муҳоҷирини корӣ ва гирифтани посухи қаноатбахш аз онҳост. «Бо ҳамроҳии ман 70%-и ҳукумати кишвар ширкат доранд, то бо мардуми муҳоҷир саволу ҷавобе бикунем ва ба онҳо ҷавобҳои мӯҳимро бигӯем. Маҳз ба хотири арзишҳои меҳнати шумоён, минатдории худро баён мекунем. Мо корҳои шуморо қадрдонӣ мекунем ва ин боиси ифтихор аст. Муҳоҷират, ин як падидаи замони муосир аст, на танҳо Тоҷикистонро фаро гирифтааст, балки тамоми дунёро.»

maxresdefault

Савол ба миён меояд: Барои чӣ 70%-и ҳукуматро берун аз кишвар ҷамъ овардеду дар дохили ватан не? Магар Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр нест? Намешуд, ки ин вохуриро бо 2-миллион шаҳрвандони муҳоҷир дар дохили ватан гузаронед? Вай, вай, вай, ҷаноби Маҳмадсаид намешармед шумо! Дигар рӯзи 9-уми сентябрро ҳамчун рӯзи истиқлолият дар шаҳри Душанбе бо як шукӯҳу ҳашамат ҷашн нагиред.

Шумо аз 2-милион муҳоҷир хушнудед, ё акнун ба қадри онон расидед? Барои чӣ инчунин ҳолатҳо дар гузашта набуд? Ҳоло он ки мардуми мазлуми муҳоҷир, дар давоми 20 сари сол то 80%-и иқтисоди давлатро иҷро мекард. Шумо акнун ба қадри муҳоҷирини меҳнатӣ расидед? Ё баъди 10-уми октяри сили 2014-ум?

Шумо гуфтед, минатдор бояд буд, аз қишри муҳоҷирини меҳнатӣ, ё аз ғуломони дар ба дар буда. Кӣ навишт ин суханҳои пучу холии шуморо?

“Албата мушкил аст, ки дар муҳоҷират пораи нонро ба даст биёри. 5-сол қабл дар дасти ман оморе афтода буд, ки аз рӯи он дар ҷаҳон 241-милион муҳоҷир буд. Нест давлате, ки шаҳрвандонаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ набошанд ва бар акс эҳтиёҷ ба муҳоҷирини меҳнатӣ надошта бошад. Давлате нест, ки 100% шаҳрвандонашро бо ҷои кор таъмин кунад. Ин як раванди ҷаҳонӣ аст”, қайд кард ҷаноби Маҳмадсаид.

Албатта, осон нест, берун аз ватан пул кор кардан ҷаноби Маҳмадсаид. Шумо якбор ба ҷои онҳо кор кунед бо ҳамроҳи раиси ҷумҳуратон ва бо ҳамаи ҳашаротҳои ҷамъ омада. Шумо гуфтед 5-сол пеш, оморро омӯхтед? Ва бо ин омор омадед? Ба назарам ин оморро ҳам вазири алоқа Зуҳуров Бег навиштааст? Иттилоъ барои шумо – давлатҳои пешрафта на танҳо бо ҷойҳои кор шаҳрвандони худро таъмин мекунанд, балки муҳтоҷи муҳоҷирини корӣ ҳастанд. (мисол Русия). Оиди 241-милион муҳоҷирини меҳнатӣ дар ҷаҳон: 1-ум бо назардошти аҳолии умумӣ шумораи муҳоҷирини кории Тоҷикистон як ҳангома аст; 2-юм, мардуми мо иҷборан муҳоҷиранд. Зеро дар ватани хеш барои онҳо шароити корӣ нест. 3-юм, дар Тоҷикистон шумораи аҳолии бекоронро қайд намегиранд ва барои онҳо кӯмакпулӣ намедиҳанд. Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати шуғли аҳолиро бартараф бояд кард, зеро ин ҳашаротҳо ягон корро наметавонанду нонхурон ва дуздони зиётианд. Барои ҳамин, сари мардумро бо ин оморатон гаранг накунед.

Дар мулоқот бо ҳамтои худ – Наришкин Сергей, Убайдуллоев қайд кард, ки: “Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи ғарбро назар ба давлати Русия маҳкум мекунад.”

Ба чӣ хотир, маҳз дар ин вақт Русияро дастгирӣ кардед, барои чӣ қаблан на?

Котиби матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия, тасдиқ кард, ки дар ин мулоқот ҳамчунин саволҳои нигаронкунанда оиди «Гурӯҳи 24»-ро баррасӣ кардаанд.

Ана гап дар куҷост! Ҳамаи ин масхарабозҳо бо рақосаҳояшон ба Русия омаданд, барои сар хамкардан ба пеши ҳукумати Русия, ва бӯсидани дасту пойҳои ҳукумати Русияро, то ки ба низоми худкомаи Рахмонов барои шикори мухолифини мардумӣ иҷоза диҳад. Рахмонов аз тарсу ларза, аз фаъолиятҳои Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи24» ва Ҳаракати сиёсии «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» 70 фисади рамаи худро ба Руссия равон кард, то бо кӯмаки он аз мухолифин халос шавад ва баҳри ин омодааст ҳама муқаддасоти миллиро ба хотири манфиатҳо ва мансаби худ фурӯшад.

PS: Қобили зикр аст, ки танҳо ба хотири фаъолияти вазнин ва меҳнатталаби намояндагони Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи24» ва Созмони сиёсии «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Рахмонов маҷбур шуд, то 70%-и ҳукумати худкомаашро ба давлати бегона равон кунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳукумати худкомаи Раҳмонов аз фаолияти ин ду гурӯҳ ба ташвиш омада, амалкарди эшонро барои худ чун як амри ҷиддие пазируфтааст.

(аксҳо)

int1 int2 int3 int4 int5

Админи сомонаи Гурӯҳи 24 (Ш.М.)