Мард намирад ба марг

Торихи башарият мардҳои бузург ва ҷонфидои зиёдеро дар худ сабт кардааст ва то имрӯз наслҳо аз онҳо ёд мекунанд. Муборизон ва муҷоҳидоне ҳамеша пайдо мешаванд, ки аз худу миллати худ ва аз дину марзу буми худ, алайҳи душманон мубориза мебаранд ва дар ин роҳ ҷони худро фадои ин ҳама муқаддасот мекунанд.
Мардуми Тоҷикистон ҳам чунин мардони мубориз ва ҷонфидоро дар худ зиёд дорад.
Умаралӣ Қувватов ҳам, яке он муборизон ва муҷоҳидонест, ки дар тиратарин шабҳои осмони сиёсии Тоҷикистон дурахшон шуд ва алайҳи диктатори давр – Эмомалӣ Раҳмонов ба по хест ва мардонавор мубориза бурд. Ӯ воқеан тавонист дар ин муддати кӯтоҳ чеҳраи дар тӯли 25 сол сохтакоришудаи Раҳмоновро ба мардум дар шакли асил ва возеҳ нишон диҳад ва мардум, ба хусус ҷавононро аз хоби ғафлат бедор кунад.
Ӯ дар муборизаи худ содиқ буд ва ин садоқат ӯро маҳбуби дилҳо кард.
Ӯ мардуми хобидаи Тоҷикистонро, ки тӯли ин ҳама солҳо зери ситаму азоби Раҳмонов ранҷ мебурд, ба қиммати ҷон бедор кард ва бо ин номи худро дар таърихи тоҷик ҷовидонӣ сохт.
“Гурӯҳи 24” ба муносибати чаҳорумин солгарди шаҳодати ин марди бузург тасмим гирифтааст, ки фардо (05.03.2019) соати 20:00 бо вақти Маскав як чорабиние дар пахши мустақим баргузор намояд ва хотираҳои зиндагию шаҳодат ва даврони муборизаҳои ӯро ёдовар шавему гиромӣ дорем.
Иштироки шумо барои мо мояи хушҳолист!
Ёдовар мешавем, ки Ӯмаралӣ Қувватов 21.11.1968 ба дунё омада, тобистони соли 2012 “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод ва 5.03.2015 дар шаҳри Истанбули Туркия аз тири қотили зархариди Раҳмонов ба шаҳодат расонида шуд.

Бобоҷонзода Х.