Мавқеи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар робита ба рӯйдодҳои ахири Афғонистон

    Ҳудуди ду  моҳ аст, ки вазъияти сиёсии кишвари  Афғонистон бо омадани Толибон ба сари қудрат, ба яке аз доғтарин масоили  ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст. Ҳарчанд ба қудрат расидани  Толибон барои бисёре аз кишварҳо ҳодисаи  ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт набуд, ва нишасту вохӯриҳои ду-се соли ахири Толибон бо абарқудратҳо аз ҳамоҳанг намудани  масъалаи таҳвили қудрат ба  онҳо далолат мекард.

  Албатта мо бар он назарем, ки буҳрони Афғонистон бояд аз тариқи гуфтугӯ миёни худи ақвому аҳзоби сиёсӣ ва аққалиятҳои динии  кишвар ҳаллу фасл гардад ва набояд кишваре ба он мудохила намояд.  Вале пас аз бо дасти бегонагон  ташкил гардидани як ҳукумати сирф толибонӣ, ҳамла бо кумаки артиши Покистон  ба вилояти Панҷшер, шиканҷаи рӯзноманигорон, саркӯб шудани  эътирозҳои мардум, махсусан занон, интиқоли мардумони тоҷиктабор ва форсизабон аз маконҳои доимии зисташон боиси  нигаронист.

 Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи –  24”  кӯмаки низомии Покистон ба Толибонро дар ҳамла ба вилояти Панҷшер ҳамчун дахолат ба умури дохилии Афғонистон арзёбӣ намуда,  онро  маҳкум мекунад.  Мо ҳамчунин қатлу куштори аҳолии осоишта аз ҷониби Толибонро дар ин вилоят ба сифати ҷиноёти ҷангӣ  қотеона маҳкум намуда,  аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар, ҷомеаи маданӣ, рӯзноманигорон, равшанфикрон ва аҳли фарҳанг  тақозо менамоем, ки садои худро дар баробари ин ҷиноят баланд кунанд ва  ба он баҳои арзанда диҳанд. Дар баробари ин мо аз рӯзноманигорон ва Васоити ахбори омма даъват менамоем, ки дар бозтоб намудани рӯйдодҳои Афғонистон танҳо ба санаду далелҳои муътамад такя намуда,  воқеиятро инъикос намоянд.

  Имрӯз бояд аз ҷониби  ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба мардуми Афғонистон, хусусан вилояти Панҷшер, ки ба маводи ғизоӣ, либос ва доруворӣ ниёз доранд, кӯмаки фаврии башардӯстона расонида шавад. Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб менамоем, ки марзро ба рӯи паноҳандаҳо боз намуда, дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои ҳуқуқи башар ба онҳо кумак намояд. 

  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ва дар маҷмӯъ тамоми мардуми ҳамдину ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон аз Худованди мутаол талаб доранд, ки рӯҳи шуҳадои роҳи озодӣ ва истиқлоли Афғонистонро шод, ҷояшонро ҷаннат, ёдашонро гиромӣ гардонад ва   мардуми шарифи Афғонистон ҳарчи зудтар ба ҷанги бародаркӯши мусалмон бо мусалмон поён бахшида, ба сулҳу салоҳ оянд ва дар фазои рифоҳ  ба як зиндагии ором ва созанда оғоз намоянд. 

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24”