Конфронси САҲА бо пикет ба ҷонибдории маҳбусони сиёсӣ хотима ёфт

 Рӯзҳои 14 ва 15 октябр дар Варшава Конфронси навбатии солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ ҳайати Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи- 24” низ ширкат варзид. Дар рӯзи аввали конфронс аъзои ҳаракат дар бораи вазъи ҳуқуқу озодиҳо дар Тоҷикистон маърӯза карданд.

Дар рӯзи дуввум, пас аз анҷоми маросими расмӣ, “Гурӯҳи 24” дар назди биное, ки ҷаласаи САҲА баргузор шуд, пикет баргузор кард. Ҳадафи ин пикет  ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти маҳбусони сиёсӣ, ҷиноятҳои мудҳиши режими Раҳмонов алайҳи мухолифон буд.

Бояд тамоми ҷаҳон бидонад: Раҳмонов мунтақидон ва мухолифони худро намебахшад ва ҳатто дар қаламрави Русия бо кӯмаки сохторҳои фасодзада ва бо розигии пинҳонии мақомоти Русия одамонро рабуда, ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Онҳоро бо парвандаҳои сохта ва тақаллубӣ шиканҷа карда, ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ мекунанд.

Аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24 дар ин тазоҳурот  бо плакатҳо ва аксҳои қурбониёни дасисаҳоии ҷиноии режими Раҳмонов ва намояндагони мақомоти Федератсияи Русия ҳозир шуданд . Ин ашхос, ки  рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод карда шуданд, муддати тӯлонӣ дар Русия зиндагӣ мекарданд ва аксари онҳо шаҳрвандони комилҳуқуқи Федератсияи Русия буданд.

 

Маҳмадрӯзӣ Искандаров моҳи декабри соли 2005 дар Маскав рабуда шуда, ба Душанбе оварда шуд ва  ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи коршиносон, маҳз ҳамин ҳодиса оғози ба истилоҳ “поксозии мухолифон” аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон буд. Ва тавре ки мебинем, ин “поксозӣ” то имрӯз идома дорад.

Мақсуд Иброҳимов шаҳрванди Федератсияи Русия буд ва тақрибан 10 сол дар Русия ба сар мебурд. Соли 2015 ӯро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда, пас аз рабудан бидуни ҳуҷҷат дар қуттиҳои бағоҷ  ба Душанбе бурданд. Ӯро барои ақидаҳои сиёсӣ ва фаъолияташ ҳамчун фаъоли “Гурӯҳи- 24” ба 17 соли зиндон маҳкум карданд.

Эҳсон Одинаев, ки аз соли 2007 дар Русия ба таври доимӣ ба сар мебурд, моҳи майи соли 2015 дар Санкт -Петербург нопадид шуд. Вай як блогнависи маъруф ва фаъоли “Гурӯҳи- 24” буд; имрӯз маълум аст, ки ӯ маҳбуси сиёсӣ аст.

Саид Қиёмиддин моҳи ноябри соли 2017 дар Санкт –Петербург дар ҳоле  боздошт шуда буд, ки ба дидори хешовандонаш мерафт. Ӯро фавран ба Тоҷикистон истирдод карданд ва моҳи майи соли 2018  ба 25 соли зиндон маҳкум карданд. Соли 2019 вай дар ҷараёни ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Каромат Шарипов шаҳрвандии Русияро дошт, аммо дар моҳи декабри соли 2017 аз он маҳрум ва ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд. Вай як фаъъоли маъруфи ҳуқуқи башар барои муҳоҷирони корӣ дар Русия буд. Ӯ, ки  то охири рӯзҳояш таҳти назорати хадамоти махсуси Тоҷикистон буд, моҳи майи соли 2020 бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

Шобуддин Бадалов барои паноҳандагии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия иҷозатнома дошт. Вай ҳам, ки як фаъъоли “Гурӯҳи -24” буд, моҳи сентябри соли 2020 дар шаҳри Нижний Новгород рабуда шуда, ба Душанбе истирдод карда шуд. Тибқи баъзе гузоришҳо, ӯ ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст.

Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи Русияву Тоҷикистон, ки 25 марти соли 2021 дар Маскав нопадид шуд, дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пайдо шуд. Ба ӯ 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Раҳматҷони Маҳматҷон, намояндаи “Гурӯҳи -24” дар Русия, рӯзи 18 майи соли равон баъди аз манзили худ дар Маскав берун рафтан нопадид шуд. Ӯро рабуда, ба мақомоти Тоҷикистон супориданд. Дар Душанбе ӯ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Ин танҳо “намунае аз хирвор” аз парвандаҳои пурсарусадоҳое ҳастанд, ки дар расонаҳо ва ҷомеа ба таври васеъ бозтоб ёфтанд. Ва боз чанд нафар мухолифони каммаъруфе ба мисли Холов Фахриддин ва Қамаров Низомиддин моҳи сентябри соли 2020 дар марзи Русия ва Эстония боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Мо дар бораи қазияҳои онҳо иттилоъ дорем, зеро онҳо аъзои ҳаракати “Гурӯҳи – 24” мебошанд. Аммо дар бораи нопадид шудани онҳо дар матбуот маълумоте нест.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон хуб огаҳӣ доранд, вале посухи Тоҷикистон ба ҳама даъват ба адолат ва ақли солим чун ҳамеша  хомӯшист. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сиёсати Раҳмонови золим розӣ нестанд, маҷбуранд Ватани худро тарк кунанд. Онҳо танҳо дар хориҷи кишвар метавонанд озодона андешаҳои худро баён кунанд ва фаъолиятҳои сиёсӣ анҷом диҳанд.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″