Иштироки намояндагони “Гурӯҳи 24” дар нишасти СММ дар Женева

Имрӯз намояндагони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” барои иштирок дар нишасти созмони милал вориди шаҳри Женева шудаанд. Қарор аст режими Раҳмонов назди кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва он ҳам дар ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оиди риъояти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гузориш диҳад.
Ҳайъати “Гурӯҳи 24”-ро масъули равобити хориҷӣ Нуриддин Ризоӣ бар уҳда дорад. Дар ин сафар Хурсанд Наҷмиддинов ва Абузар Хоҷазода ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳайъати “Гурӯҳи 24” зимни сафари худ, як қатор вохӯриҳо бо дигар созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ дар Женева анҷом хоҳад дод, ки вазъияти ногувори сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва поймол шудани ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистонро дарбар мегирад.
Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”