Изҳороти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар робита ба қатли Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров  

 Имрӯз расонаҳо хабар расониданд, ки Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, ки мақомот ӯро ташкилкунанда ва раҳбари асосии эътирозҳои ахир дар ВМКБ меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 майи соли 2022  ба қатл расонида шуд. Дар хабари ожонсии иттилоотии “Ховар” бо такя ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ гуфта мешавад, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло “бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” рух додааст. Дар ин хабар ӯро “саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ” номидаанд.

 Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бар он назар аст, ки қатли Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кори дасти худи ҳукумати ҷиноятпешаи Раҳмонов аст. Зеро ӯ ба унвони яке аз раҳбарони нисбатан бонуфузи ғайрирасмӣ дар ВМКБ аз ҷумлаи он мардони сарбаланде буд, ки ба муқобили зулму беадолатии низоми истибдодӣ бархоста буд ва аз ҳуқуқи мардум ҳимоят мекард. Ӯ, ки аз пуштибонии мардуми ВМКБ  бархурдор буд, пас аз ҳаводиси хунини моҳи ноябри соли гузашта ба намояндагии мардуми ВМКБ аз ҳукумат талаб мекард, ки ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021 одилона таҳқиқ ва сабабгорони қатли Гулбиддин Зиёбеков муҷозот шаванд. Ин буд, ки ҳукумати ҷиноятпеша аз пайи аз байн бурдани ӯ шуд ва мақомот  тибқи як парвандаи сохта ӯро ба латукуби Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи Бадахшон айбдор намуда, зидди Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров рӯзи 2 феврал бо айбномаи “истифодаи зӯрӣ нисбати намояндаи ҳокимият ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ” парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд.  Мақомот пойфишорӣ доштанд, ки ӯ худро таслим кунад, вале худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомро рад мекарданд.

Ниҳоят мақомоти интизомӣ дар доираи як нақшаи қаблан тарҳрезишуда, пас аз саркӯби мардуми осоиштаи ноҳияи Рушон ва қатли 25 нафар мардуми бесилоҳ  Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро ноҷавонмардона ба шаҳодат расониданд ва ин ҷинояти худро низ чун садҳо дигар ҷиноятҳои содиркардаашон кори дасти дигарон номзад намуданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ин аъмоли ноҷавонмарданаи режими истибдодии Раҳмоновро қотеъона маҳкум намуда, марги Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро ба наздикону пайвандонаш таслият арз мекунад.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро то охирин лаҳзаҳо ба ҳукумат таслим нашуд ва маргро сарбаландона истиқбол гирифт. Ному корномаи ин шаҳиди роҳи ҳақ бешубҳа  тимсоли барҷастаи диловариву ҷавонмардӣ ва озодихоҳӣ дар дили мо ва наслҳои оянда абадӣ нақш мебандад.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”