Изҳороти расмии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар мавриди хабари боздошти 4 узви ҳаракат

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” изҳороти сухангӯи ВКД Тоҷикистон дар мавриди боздошти чор узви “Гурӯҳи 24”-ро дар давраи ҳисоботӣ расман рад мекунад. Охирин узви боздоштшудаи “Гурӯҳи 24” Мустафо Ҳаётов буд, ки моҳи сентябри соли 2019 бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз Лаҳистон ихроҷ шуда буд. Пас аз ин ҳодиса дигар ягон фаъол ва аъзои ин ҳаракат аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт нашудааст ва ин изҳороти сухангӯи ВКД асоси воқеъи надорад.

“Гурӯҳи 24” ин изҳороти Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистонро як навъи “таблиғоти бардурӯғи режими диктаторӣ” ва “омори бардурӯғ” -и мақомоти поймолкунандаи ҳуқуқи инсон – Вазорати Корҳои Дохилӣ мешуморад. “Гурӯҳи 24” ҳамеша дар бораи боздошти аъзо ва фаъолони худ, бо риояи принсипҳои ошкоро ва ростқавлӣ нисбати ҷонибдорон ва мардуми Тоҷикистон ба таври ошкоро ҳисобот медиҳад.

Бахши иттилоотии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”