Изҳороти “Гурӯҳи 24” нисбат ба рӯйдоди хунин дар маҳбаси ш. Ваҳдат

Дирӯз (19.05.2019) дар Муассисаи Ислоҳии ш. Ваҳдат ҳодисаи хунине рӯх дод, ки дар он бештар аз 30 шаҳрванди кившар ҷони худро ба таври мармуз, мазлумона аз даст доданд. Бино ба хабарҳои расида, маҳбусон дар ҳоли машғули намози таровеҳ будан, ҳадафи ҳамлаи аскарони махсуси мақомот қарор гирифта, ба таври ом кушта шуданд. Он чӣ ки мақомоти кишвар дар ин бора гузориш дода, мисли ҳамешагӣ мавриди эътибор қарор надорад. Чун ин бори аввал нест, ки дар Муассисаҳои ислоҳии зиндонҳо бо зиндониён чунин бархӯрдҳои ғайри инсонӣ сурат мегирад. Чанде пеш дар Зиндони шаҳри Хӯҷанд айни ҳамин ҳодисаро анҷом дода буданд, ки дар натиҷаи он бештар аз 60 нафар кушта шуд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин амали террористии мақомоти кишварро қатъиян маҳкум карда, ба хонаводаи қурбониёни ин фоҷиа таслият арз намуда, ба эшон бардошту бурдборӣ дар ин мусибати сангин хоҳон аст. Умедворем, ки Худованд шуҳадои ин ҳодисаи нангинро ба даргоҳаш қабул фармояд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” барои ошкорсзоии асли воқеъият аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост менамояд, ки як комисюни махсус ташкил карда, тадқиқоти ҷиддие ба роҳ монда шавад ва аз рӯзноманигорони алоҳида ва шаҳрвандони кишвар дархост мешавад дар ин қазия бе тараф набошанд.
Ин ҳодиса ҳам маҳсули дасти макру дасисаи режими Раҳмонов мебошад ва маҳз барои нобуд сохтани мухолифон ва дигарандешон дар дохили зиндонҳо ба роҳ монда шудааст, ҳамон тавре ки мухолифинашро дар хориҷ аз кишвар ҳатто ба қатл мерасонад.
Ба ин амали шум, хунин ва нангини ҳукумат бояд посухи муносибе дода шавад!

  • Салом алейкум бародарони хамватани дар ватану аз ватан дур! То кай мо хамчун аксуламал ба чунин амалхои вахшиёнаи ин Хукумат бетарафиро пеша мекунем. Аз гурухи 24 бо эхтиромона хохиш мекунем ки ба мо рохнамои кунанд то ки аксуламале ба инхо нишон дихем. Бубинед хангоми як чо буданамон барои баландравии нархи интернет бурд кардем. Биёед чунин икдоме боз пеша кунем то ин фочеа низ ба мисли дигархош бечазо намонад… Гурухи 24 Шумо танхо нестед. Мо ба икдомхое ки ба пирузии хакикат меоранд бо Шумоем!!!! Хамдардиямро ба оилахои шахидон мерасонам. Касе донад маросими Чаноза дар кучо барпо мешавад гуяд то мо низ иштирок намоем…

  • https://www.facebook.com/app_scoped_user_id/1640510012945768/

    Марг ба раҳмонов ва атрофиёнаш!