Дар Тоҷикистон қасд доранд хона-музейи Садриддин Айниро тахриб кунанд

 Рӯзҳои ахир дар маҳофили илмии Тоҷикистон баҳси тахриби як ёдгории таърихӣ, хона-музейи Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори давлати нави тоҷикон, поягузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ авҷ гирифт. Мақомоти Душанбе иддао доранд, ки интиқоли хона-музей ба ҷойи дигар мувофиқтар хоҳад буд ва таъкид мекунанд, ки дар ҷойи бинои кӯҳна бунёди ягон иншооти дигар дар назар нест. Маълум аст, ки ҳукуматдорони шаҳр барои амалӣ гардондани максадҳои тиҷоратии худ бори дигар ҳилагарӣ мекунанд. Ҳеҷ имкон надорад, ки ин бинои зебои сарсабз, ки соли 2018 пурра таъмир шудааст, симои шаҳрро халалдор кунад.

Аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон алайҳи тахриби ин иншооти дорои аҳамияти таърихӣ шадидан садо баланд карда, таъкид мекунанд, ки интиқоли экспонатҳои осорхона ба ҷои дигар имкон намедиҳад, ки хотираи ҳаёт ва осори Садриддин Айнӣ пурра ҳифз карда шавад. Аммо мансабдорони моро чи қадар ҳам ба ақлу виҷдон даъват кунем, аммо ин ҳама бефоида аст, зеро онҳо ба ҷуз нафъу суди худ чизи дигареро намебинанд. Вақт мегузарад ва мо хоҳем дид, ки нобуд кардани як саҳифаи муҳими таърихи мо ба чӣ хотир будааст ва мо ҳамчунин хоҳем фаҳмид, ки ин хиёнат нисбати наслҳои оянда чӣ қадар арзиш дорад, ки мо натавонистем қисмати муҳими таъриху фарҳанги худро ҳифз намуда, ба ояндагон ба мерос гузорем.

Тайи чанд соли ахир мақомоти Душанбе бо ҷидду ҷаҳд ба ободии шаҳр камар бастаанд, аммо дар баробари ин биноҳои дорои арзиши таърихиро, ки ба гуфтаи онҳо аз сабаби кӯҳна будан симои шаҳрро халалдор менамоянд, бераҳмона тахриб мекунанд. Ҳамин тавр, Театри драмавии русӣ ба номи Маяковский, Қасри президент, кинотеатри Ҷомӣ, бинои шаҳрдорӣ ва амсоли инҳо аз байн бурда шуд. Ва дар он ҷое, ки таърихи шаҳру мардуми мо офарида шудааст, имрӯз биноҳои осмонбӯс, марказҳои бизнес ва тиҷоратӣ баланд мешаванд. Одамоне, ки барои таърих коре накардаанд, кисаи худро пур карда, нақши дасти бузургмардони миллати моро аз байн бурда, саҳми онҳоро дар пешрафти Тоҷикистон паст мезананд.

Он чизе, ки имрӯз дар Душанбе рух медиҳад, бахше аз як тамоюли умумии солҳои ахир аст, ки дастовардҳои шахсиятҳои саршинос ва нухбагони миллат дуздида шуда, ба Раҳмонов нисбат дода мешавад. Хидмати ҳамаи одамоне, ки барои бунёд ва ободии кишвари Тоҷикистон умр ба cap бурдаанд, имрӯз нодида гирифта мешавад ва талош мешавад, то наслҳои оянда таърихи ҳакикии худро фаромӯш кунанд.

Мо дар замоне ба сар мебарем, ки дар пеши назари мо таърихи Тоҷикистон бознависӣ мешавад. Бо ин мақсад ёдгориҳои таърихиро тахриб мекунанд ва барои парастиши Раҳмонови мустабид ибодатгоҳҳои нав сохта мешавад. Моро хатари фаромӯш кардани ҳофизаи таърихии худ таҳдид мекунад. Мардуми бедуни таърих оянда надоранд!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24”