Дар бораи маориф сухан гуфтан ҳам ғамангез ва ҳам хандаовар аст

Пас аз пошхӯрии низоми маорифи шӯравӣ, тақрибан 30 сол аст, ки Тоҷикистон таҳти “роҳбарии пешвои доимии миллат” Раҳмонов ва бо иштироки бевоситаи Вазорати маориф ва илм мекӯшад, ки ба он ҷойгузини сазоворе бунёд кунад, вале аз афташ муваффақ намешавад. Сатҳи маълумот ва тахассуси муҳоҷирони меҳнатии сершумор, ки дар хориҷ аз кишвар мавриди масхара қарор мегиранд, нигаронкунанда аст. Ҳолатҳое кам нестанд, ки донишҷӯён аз Тоҷикистон бинобар сатҳи пасти омӯзиш аз донишгоҳҳои хориҷӣ ихроҷ карда мешаванд. Ва худи тоҷикон аз сатҳи таҳсил дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, он ҷойе, ки имтиҳонҳоро бо пул месупоранд, шикоят мекунанд.

Дар соҳаи маориф мушкилоти зиёде мавҷуданд: кам будани муаллимони баландихтисос ва васоити таълимӣ, тамаъҷӯйии зиёди ғайриқонунӣ дар мактабҳо, дурии мактабҳо ва дар натиҷа, адами хоҳиши волидон барои фиристодани фарзандонашон ба таҳсил. Ва, албатта, мушкилоти асосӣ фасод аст. Пулҳои аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ барои сохтмони мактабҳои нав ҷудошударо медузданд ва фарзандони мо маҷбур барои ба мактаб рафтан 4-5 ва ҳатто зиёда аз он километр роҳро тай мекунанд. Соли 2010 Бонки Ҷаҳонӣ барои гузаштан ба низоми дувоздаҳсолаи таҳсил 20 миллион доллар ва Бонки Рушди Олмон 13 миллион еврои дигар ҷудо карданд, вале то имрӯз, оғози соли 2021 гузариш ба ин низом ҳатто оғоз нашудааст ва пул барои татбиқи ин лоиҳа кайҳо ба поён расидааст.

Соли 2014, бинобар шикояти зиёди волидон аз тамаъҷӯйии доимӣ дар мактабҳо, Агентии мубориза бо фасод тасмим гирифт, ки онҳо нони давлатро муфт намехӯранд, балки бо фасод мубориза мебаранд. Ва нозирони сершумори ин Агентӣ ба мактабҳои кишвар рафтанд. Ва ҳодисае рух дод, ки волидон умед надоштанд: мактабҳо барои сазовор пазируфтани нозирони мубориза бо фасод фавран аз волидон пул ҷамъ оварда ба нозирон доданд, то онҳо дар гузоришҳояшон нависанд, ки : “дар мактабҳо далели тамаъҷӯйии ғайриқонунӣ ошкор нашуд”. Мушкилоти пардохти таълими ройгон, ки аз ҷониби Сарқонун тазмин шудааст, то ба имрӯз аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Барои ба мактаб мондани кӯдак ва то хатми ӯ бояд пул пардохт кунед, барои ба донишгоҳ дохил шудан низ ва дар донишгоҳ имрӯз чизи асосӣ на таҳсил, балки пул додан аст. Дар натиҷа сатҳи чунин таҳсили шартӣ бениҳоят паст аст. Агар онҳое, ки барои таҳсил дар гимназияи хусусӣ пул дошта бошанд ва ё қобилияти бо пул таълим гирифтан дошта бошанд, аксар вақт барои гирифтани маълумоти касбӣ ба хориҷа мераванд ва дар он ҷо боқӣ мемонанд. Ҳастанд бачаҳои боистеъдод, ки то ҳол дар Тоҷикистон маълумоти олӣ гирифтаанд, аммо онҳо низ саъй мекунанд ба хориҷа раванд. Дар натиҷа дар мамлакати мо дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ камбуди мутахассисон ва норасоии омӯзгорон ба назар мерасад.

Аммо аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки Вазорати маориф ва илм “дар баъзе соҳаҳо ба муваффақият ноил шудааст”. Аввалан, дар муассисаҳои таълимии кишвар, ҳама чиз, он гуна ки раисҷумҳур мехоҳад, шоиста ба назар мерасад. Масъулин ба ҷои он ки дар бораи беҳтар кардани сифат ва дастрасии таҳсилот фикр кунанд, шабона хоб накарда, дастури чи гуна ба муаллим ва донишҷӯ сазовор буданро менависанд. Онҳо дар мактабҳо либоси мактабӣ, стандартҳои муайянро ҷорӣ кардаанд ва танҳо яке аз наздикони раисҷумҳур иҷозаи дӯхтани чунин либосҳоро дорад. Ва дар даромадгоҳи муассисаҳои таълимии кишвар нозирон таъин карда шудаанд, то ҳама чиз мутобиқи дастури методӣ бошад.

Сониян, бо пули сармоягузорони хориҷӣ тамоми мактабҳои кишвар бо компютер муҷаҳҳаз карда шуданд. Ҳатто дар деҳаҳои дурдаст компютерҳо пайдо шуданд, вале барқ ​​танҳо дар фасли тобистон, ҳангоми таътили мактаббачагон бефосила дода мешавад. Саввум, масъулини Вазорат шабу рӯз назорат мекунанд, то муаллимон ва донишҷӯёни озодандеше пайдо нашаванд ва “таҳти раҳбарии Раҳмонов гул- гул шукуфтани кишвар”- ро зери суол гузоранд. Ва вазифаи асосии Вазорати маориф ва илм мутеъ кардан ва назорат бурдан аз болои ҳама чиз аст. Ҳама муассисаҳои таълимӣ таҳти назорати қатъӣ қарор доранд, ҳама гуна ташаббусҳо саркӯб карда мешаванд, ғояҳои навоварона рад карда мешаванд. Имкони рушд вуҷуд надорад. То замоне, ки Раҳмонов дар сари қудрат аст, дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳеҷ пешрафт ё беҳбудӣ рух нахоҳад дод.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”