Дареғо, модари ҳомии тоҷик рафт!

Ҳамаи мо аз Худоем ва бозгашти мо ба сӯйи Ӯст.
Файзинисо Воҳидова модари ҳомии ҳуқуқи тоҷик шаби 4-уми январ даргузашт.
Даргузашти Файзинисо Воҳидова, адвокати шуҷоъ, озода, адолатхоҳ, озодандеш ва яке аз рӯшанфикрони ин аср дар ин шабу рӯз ба мардуми Тоҷикистон, ба қишри адолатхоҳи он ва ба хусус, ба мазлумону бепаноҳон як зарба ва талафоти бузургест.
Имрӯзҳо, дар ин рӯзҳои торики пурзулмот ҷомеа бештар аз дигар вақт ба ӯ ниёз дошт.
Файзинисо Воҳидова яке аз он муҳомиёни тоҷике буд, ки новобаста аз бону буданаш, чун шери жаён сахтарин ва хатарноктарин парвандаҳо ва масъулиятҳоро ба даст мегирифт ва барои барқарории адолат ва ҳақ талош мекард!
Ӯро бешак, беадолатӣ ва зулму ҳамоқати ин тудаи авбош кушт!
Вафоти чунин як модари ҳомии ҳуқуқ ва як модари озодаву рӯшанфикр барои чунин як миллати хобида ва як кишвари истеъморзада мотами бузурге аст!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба хонавода ва наздикони модари марҳума ва ба мардуми Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба эшон дар ин мусибати бузург бардошту подоши онро аз Аллоҳ таманно мекунад.
Худованд ин модарро биомӯрзад ва ҷояшонро яке аз боғчаҳои Биҳишти ҷовидон қарор диҳад.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи-24”