“Гурӯҳи – 24” расман фаъолияташро дар қаламрави Федератсияи Русия қатъ мекунад!

    Тавре маълум аст, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” соли 2012 дар қаламрави Федератсияи Русия ташкил шуда буд. Аммо, мутаассифона, дар чанд соли ахир ҳукумати Русия бо режими диктатории Тоҷикистон ба савдои пасипардагӣ шурӯъ кард, ки ин ба ихроҷи зиёди афроди муқими Русия, ки мухолифи режими Раҳмонов буданд, боис гардид. Мақомоти Русия на танҳо ба қонунҳои байналмилалӣ, балки қисман ба қонунҳои дохилии Русия ҳам туф карда, бидуни баҳси додгоҳӣ дар давоми 24 соат шаҳрвандии зодагони Тоҷикистонро лағв ва шиносномаҳояшонро бекор карданд. Онҳо на танҳо аъзои ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф, балки ҳомиёни ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон, тоҷирон, раҳбарони диаспораи тоҷикон ва дигар шахсиятҳои маъруфи мустақилро ба Тоҷикистон истирдод карданд, ки аксари онҳоро режими худкомаи Раҳмонов ба ҷиноятҳои сохта муттаҳам карда, ба муҳлатҳои дароз равонаи зиндон кард.

   Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” дар робита ба ғайб задани фаъолони худ борҳо ба мақомоти Русия муроҷиат карда, хостори рӯшан шудани вазъ шуд, зеро фаъолияти “Гурӯҳи – 24” дар қаламрави Русия мамнӯъ намебошад. Гузашта аз ин, чанд тан аз фаъолони мо дар ин кишвар мақоми паноҳандаи сиёсӣ доштанд. “Гурӯҳи – 24” ҳеҷ гоҳ қонунҳои Русияро нақз накардааст. Вале, сарфи назар аз ин ҳама, мақомоти Русия дар рабудани фаъолони мо ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба мақомоти тоҷик кӯмак расониданд. Мисоли равшани ин ҳодиса рабуда шудани раҳбарони диаспораҳои Бадахшон дар Русия, ки ахиран аз ҷониби хадамоти вижаи Тоҷикистон бо кӯмаки хадамоти вижаи Русия сурат гирифт, мисол шуда метавонад. Пас аз ин ҳодисаҳо роҳбарияти Русия дар назди ҳама худро бадном карда, чеҳраи аслии худро нишон дод.

   Путин ва Ҳукумати Русия ба сарпарастони аслии диктаторҳо дар саросари ҷаҳон табдил ёфтанд. Онҳо аз Мадуро дар Венесуэла, Асад дар Сурия, Афверки дар Эритрея ва ғайра дастгирӣ мекунанд. Дар фазои пасошӯравӣ блоки низомию сиёсии СПАД таъсис ёфт. Дар сурати норозигии мардум дар ин кишварҳо, онҳо аз мошини қотили низомии худ, ки СПАД ном мебаранд, алайҳи мардуми оддӣ истифода хоҳанд кард. Мисоли ин ҳодисаҳои ахири Қазоқистон буда метавонад. Путин аз ин созмон барои пуштибонӣ аз диктаторҳои лӯхтакмонандаш дар ИДМ истифода мекунад.

Бар асоси гуфтаҳои боло, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” расман эълом мекунад, ки фаъолияти худро дар қаламрави Федератсияи Русия қатъ мекунад.

  Ва ҳамчунин “Гурӯҳи – 24” ҷанги густурдаи Путин алайҳи Украинаи озодро маҳкум мекунад, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар кушта шуда, миллионҳо нафар маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд, бисёре аз шаҳрҳои Украина ба хок яксон шуданд.

   Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” режими Путин дар Русияро шадидан маҳкум карда, амалҳои онро ҷиноят алайҳи башарият ва нақзи дағалонаи қонунҳои байналмилалӣ медонад. Ҳамаи ин натиҷаи он аст, ки мардуми Русия ба як нафар – Путин, ки солҳои зиёд дар сари қудрат буд, иҷозат дод, ки тамоми ҳокимиятро дар дасти худаш тамаркуз кунад ва Русияро ба диктатура табдил диҳад ва саранҷом ба чунин суқут оварда расонад.

  Ҳамчунин, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” ҳимояи комили худро аз мардуми қаҳрамони Украина, артиш ва раҳбарияти сиёсии ин кишвар дар муборизаи онҳо барои озодӣ ва адолат бар зидди зулми истилогарон баён мекунад.

 

Шӯрои Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24″