Боз як омори дурӯғин ва боварнокардании вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 4 август  дар нишасти матбуотӣ бо овардани як омори бофта ва қалбакии навбатии худ бори дигар симои дурӯғини   худро нишон дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, дар ним соли аввали соли равон 13 нафарро бо иттиҳоми пайравӣ ва узвият дар “Гуруҳи 24” боздошт кардаанд.

    Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” қаблан борҳо дар ин бора изҳори назар карда буд ва бори дигар бо қотеият таъкид мекунад:  ҳар ҳодисае, ки бо аъзои “Гурӯҳи 24” ба вуқӯъ мепайвандад, аз ҷониби ин ҳаракати сиёсӣ пайгирӣ шуда,  аз натиҷаи он ба таври расмӣ ба  ҷомеа хабар дода мешавад. Соли равон танҳо Раҳматҷони Маҳмадҷон – намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  дар Федератсияи Русия  бо ҳамдастии нирӯҳои амниятии ин кишвар ба таври ғайриқонунӣ  рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод гардид. Вале мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи ҷузъиёти ин ҷинояти нангин: чи тавр рабуда шудан ва дар куҷо қарор доштани Раҳматҷони Маҳмадҷон  чизе намегӯяд.

   Оморе, ки Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар робита бо боздошти аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ироа кард, дурӯғи маҳз аст. Ин бори аввал нест, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон чунин оморҳои ғайривоқеӣ ва дурӯғинро, ки ба ҷуз аз хокпошӣ ба чашми мардум чизи дигаре нест,  ҳамчун ҳисоботи расмӣ ба самъи ҷомеа мерасонанд. Онҳо бо ин сохтакорӣ аввалан мехоҳанд нерӯ ва қудрати худро нишон диҳанд ва ба “боло” ҳисобот диҳанд, ки онҳо дар ҳақиқат ба режими Раҳмонов вафодор ҳастанд ва содиқона   хидмат мекунанд. Баъдан   мехоҳанд вонамуд созанд, ки воқеан ҳам дар пайи таъмини амнияти мардум ва кишвар фидокорона “заҳмат” мекашанд ва “дилсӯзу ғамхор”- и  халқ ва кишвар ҳастанд. Ва ниҳоят ва муҳимтар аз ҳама мақомоти қудратии кишвар бо ин васила мехоҳанд мардумро аз он тарсонанд, ки робита бо чунин ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ оқибатҳои ногуворе дорад.

   Вале шояд барои онҳо  дарки ин нукта аҳамият надорад, ки  омори  дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби ин ниҳод дастгир гардидани “143 нафар бо гумони узвият дар созмонҳои мамнӯъ ва террористиву ифротгаро” на танҳо омори боварнокарданист, балки хандаовар ҳам ҳаст ва имрӯз мардум аз ҳама чиз огоҳ шудааст ва дигар  ба ин омору ҳисоботҳои дурӯғин,  ба ваъдаҳои пӯчи режими худкомаи Раҳмонов ва “ояндаи дурахшоне”- е, ки сӣ сол боз ба мардум ваъда медиҳанд,  бовар надорад.

 Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”