Ноҳияи Хуросон, яке аз осебпазиртарини ноҳияҳо аз сел дар Тоҷикистон мебошад. Солҳост, ки мардуми ин минтақа аз зарари сел азият мекашанд ва ҳанӯз ҳам роҳи ҳалли ин масъала дида нашудааст.

Имсол ҳам, дар обхезиҳои моҳи март ва май мардуми ноҳияи Хуросон зарари зиёди моддӣ ва ҳатто ҷонӣ диданд. Дар моҳи март, мақомот ба ҷои расидагӣ ба мардуми селзада ва пешгирӣ аз селҳои баъдӣ, машғули барпо кардани ҷашни наврӯз буданд. Бо сабаби беэътиноӣ ва масъулиятгурезии ҳукумат, рӯзҳои 14 ва 15 моҳи май боз ба ин минтақа сели харобиоваре омад, ки бар асари он бештар аз 70 хонаи сокинони ин ноҳия зери сел монд. Сокинони зарардида ва бепушту паноҳ интизори кӯмаки мақомот буданд, вале тӯли қариб як ҳафта аз намояндагони ҳукумат на гапу на хабаре буд. Ин буд, ки мардуми ҷон балабрасида ва мазлуми Хуросон барои талаби ҳуқуқи худ аз ҳукумат, рӯзи 17-уми май, даст ба эътироз заданд ва талаби кӯмак карданд. Дар рафти ин эътироз мардум барои чанд соат роҳи Душанбе – Бохтарро бастанд.

Агар ин обхезӣ дар дигар кишвар рӯх медод, на танҳо намояндаи мақомот, балки ҳатто то худи раисҷумҳурӣ дар ин ҳолати душвор канори мардумаш мебуд, вале ҳукумати ноӯҳдабаро, ситамгар ва фасодзадаи Раҳмонов бошад, ба ҷои кӯмак расондан ва канори мардум будан, эътирозогаронро саркӯб кардан ва бо таҳдиду ҳаросафканӣ дунболи боздошти ҷавонони эътирозгар шуданд. Дар торихи 17-уми май 6 тан аз эътирозогаронро боздошт карда ва муфаттишон алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳанӯз аз тақдири ин афрод хабаре нест, ки дар чӣ ҳоле ба сар мебаранд.

Саркуб кардани мардум дар ҳама ҳолат, ин ба як одати ҳукумати Раҳмонов табдил ёфтааст. Вале худи мардум, фаолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои пуштибони ҳуқуқи инсон, созмонҳои журналистӣ ва мухолифини ҳукумати Раҳмоновро мебояд, ки дар баробари ин бедодии ҳукумат сокит ва бетараф набошанд ва мардуми зарардидаи Хуросонро танҳо нагузоранд!

Мардум дигар бояд ба ин ҳама зулми ҳукумат нуқта гузорад ва як ҳукумати мавриди хидмати худро рӯи кор орад . Зеро то даме ки ҳукумати Раҳмонов сари кор аст, ба ҷои кӯмак ба мардум, саркуб ва боздошту шиканҷаю зиндон ва ҳатто ба қатл расонидани мардуми муътариз аз тарафи намояндагони Раҳмонов сурат хоҳад гирифт ва дар иваз аз мардумро ба хомӯшӣ ва шукргузорӣ маҷбур хоҳанд кард . Ягона роҳи халосӣ аз ин ВАБО танҳо рондани Раҳмонов ва тими ҳукумрони ӯ аз ҳукумат асту бас!

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”