Баёнияи расмии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар бораи мавқеи ин ҷунбиш дар интихоботи порлумонии оянда

Бо иртибот ба ин ки ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба таври расмӣ дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як ҳизби сиёсӣ сабти ном нашудааст ва фаолиятҳои он тавассути низоми диктотурии Раҳмонов мамнӯъ аст, наметавонад мустақиман дар интихоботи парлумонии оянда ширкат кунад.

Бинобар ин, ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” тасмими худро барои пуштибонии пурра аз Ҳизби Сусиёл Демукроти Тоҷикистон ва тамоми номзадҳои он ба маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии оянда, ки дар торихи якуми марти соли 2020-ум анҷом меёбад, эълон медорад. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Ҳизби Сусиёл Демукроти Тоҷикистонро ягона ҳизби мустақили расман сабтиномшуда дар Тоҷикистон ва шоистаи пуштибонӣ аз он дар интихоботи порлумонӣ медонад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеият, ки ин ҳизб ягона ҳизби мустақил аст, режими диктотурии Раҳмонови бо роҳи тақаллуб нагузошт, ки ин ҳизб дар интихоботҳои гузаштаи Маҷлиси Намояндагон ширкат кунад ва ба парлумон роҳ ёбад.

“Гурӯҳи 24” аз ҳамаи намояндагон, фаолон ва аъзои худ, ҳаводорон ва мардуми иззатманди Тоҷикистон мехоҳад, то нисбат ба интихоботи порлумонии оянда бетафовут набошанд ва аз Ҳизби Сусиёл Демукроти Тоҷикистон пуштибонӣ кунанд. Ҳизби Сусиёл Демукроти Тоҷикистон як ҳизби воқеан арзанда ва номзадҳои он ба интихоботи порлумонӣ низ, афроди таҳсилкарда, шоиста ва мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун мебошанд. Сарнавишти шумо ба интихоби шумо бастагӣ дорад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”