Амриддин Аловатшоев боз як қурбонии режими  Раҳмонови бераҳм аст

Чанд рӯз пеш дар бораи ҳукми Амриддин Аловатшоев дар матбуот маълумот паҳн шуд. Раҳбари ғайрирасмии Бадахшони Русия, варзишгар ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон маҳз Амриддин Аловатшоев  моҳи ноябри соли 2021 созмондиҳандаи тазоҳуроти оммавӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав буд. Он замон  марги Гулбиддин Зиёбеков  ҳангоми амалиёти нерӯҳои қудратӣ ҳангоми боздошти ӯ сабаби норизогии мардуми Бадахшон шуда буд.

Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ Амриддин Аловатшоев дар Маскав нопадид шуд. Мақомоти интизомии Русия ва Тоҷикистон даст доштани худ дар ғайб задани ӯ рад карданд. Танҳо пас аз се ҳафта намояндагони мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки Аловатшоев дар Душанбе қарор дорад. Аммо дар ҳамин ҳол Юсуф Раҳмон, Додситони кулл гуфт, ки Амриддин Аловатшоев аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, иддао кард, ки “ӯ ихтиёран ба Ватан баргаштааст” ва дар фурӯдгоҳ боздошт шудааст. Воқеан, як зодаи маъруфи ВМКБ боз  қурбонии як тавтеаи ҷиноии мақомоти Русия ва Тоҷикистон гардид ва бар хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ рабуда ва ғайриқонунӣ ба дасти Раҳмонов барои эъдом супурда шуд. Ба гуфтаи наздикони Аловатшоев, мақомот ваъда додаанд, ки бар ивази тавбаи расмӣ ва хомӯшии наздиконаш ба ӯ муҳлати ҳадди ақал медиҳанд.

Дар миёнаҳои моҳи феврали соли ҷорӣ шабакаи давлатии Бадахшон паёми Аловатшоевро пахш кард, ки дар он ӯ аз бозгашти ихтиёрии худ ба Ватан ва пушаймон шуданаш аз ҷиноятҳои гӯё содиркардааш суҳбат мекард. Ӯ ҳамчунин истифодаи шиканҷаро рад кард, ҳарчанд бисёре аз коршиносон он замон  бар гуфтаҳои ӯ бо шубҳа нигаристанд. Ва инак хатми ин қисса бо 18 соли зиндон анҷомид.

 Сукути хешовандон, ки барои кӯмак ҳомиёни ҳуқуқи башари байналмиллалиро ҷалб накарданд ва тақрибан бо матбуот иртибот надоштанд, ҳеҷ чизи хубе ба бор наовард. Бо ҷинояткорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Эмомалӣ Раҳмонов гуфтугў кардан ва ба онҳо бовар кардан мумкин нест. Вақте ки тамоми хуқуқу озодиҳо ва қонунҳо то ин ҳад поймол карда мешаванд, хомӯш будан лозим нест! Мо бояд дар ин бора фарёди худро ба гӯши ҷаҳониён расонем!!!

Боз як далели нафратангези ин қонуншиканӣ дар он аст, ки барои ҳаллу фасли сарнавишти шахс ба додгоҳ ҳамагӣ чанд соат лозим буд. Ҳама чиз пешакӣ ҳал карда шуда буд ва мурофиаи додгоҳӣ як расмиёти сирф буд. Аз додгоҳҳои мо битарсед, онҳо танҳо бо як ҳадаф: ҳифзи қудрати Раҳмонов ва  обрӯи кишвар ҳамчун як давлати демократӣ вуҷуд доранду бас. Мутаассифона, ҳукми 18 соли зиндон ба Амриддин Аловатшоев  пирӯзии навбатии Раҳмонов бар он қисмати аҳолии Тоҷикистон аст, ки бар зидди қонуншиканиҳо, барои тантанаи адолат, озодӣ ва ояндаи беҳтар, ояндаи бе Рахмонов садо баланд мекунанд. Аммо мо бовар дорем, ки ба шарофати афроде чун Амриддин Аловатшоев барин мардони далер, ки барои адолат талош меварзанд, мо ҳама ба ҳадафи асосии худ – бунёди Тоҷикистони озоду обод, Тоҷикистони бе Раҳмонов наздик шуда истодаем!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”