Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо ниҳояти ғам ва андӯҳи бузург хабари даргузашти модари Исмоил Маҳмадов, яке аз муборизон ва мухолифони ҷасури ин ҳаракат бар муқобили ҳукумати ғайриқонунии Раҳмоновро дарёфт.
Ҳодисае, ки баъди эътирози мухолифин дар сафари Диктотур Раҳмонов ба Олмон 29 сентябри соли гузашта сурат гирифт, Исмоил Маҳмадов яке аз нафароне буд, ки бо тухм воситаи нақлиётии Раҳмоновро мавриди ҳадаф қарор дод.
Ва пас аз ин нишонаи равшан он аст, ки чӣ гуна фишорҳои беадолатона ва таъқибҳои ноҷавонмардона болои ӯ ва хонадонаш сурат гирифт. Ин фишорҳо, ки болои Модари Исмоил омад, гарчанде солҳои ахир Модар аз таклифи шушу талха азият мекашид ва пайваста табобат мегирифт, аммо ин фишорҳо боиси озору азият равонӣ ва маризизои иловагӣ дар ӯ пайдо шуд, ки дар ниҳоят боиси марги ӯ низ гардид.
Модари Исмоил, соли 1943 дар ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба дунё омад ва шаби 15 ба 16 уми июл дар ноҳияи Ховалинг дунёро падруд гуфт.
Исмоил, ки дар роҳи ҳақ ва адолат мубориза мебарад, намунаи он аст, ки муборизро ҳеҷ гуна зулму истибдод аз роҳи дуруст дур карда наметавонад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба Исмоил ва ҳамаи хешовандону наздикони ӯ ҳамдардии амиқи худро изҳор мекунад. Мо дар ин лаҳзаҳои сахт ва пур аз дард бо шумо ҳастем ва ба шумо қувват ва сабри ҷамил таманно дорем. Ҳар як зарра дарди шумо дар қалбҳои мо эҳсос мешавад.
Бо умеди оне, ки рӯзи пирӯзӣ наздик аст ва ҳамаи онҳое, ки барои озодӣ ва адолат дар Тоҷикистон мубориза мебаранд, ба орзуҳои хеш Худо хоҳад мерасанд.
Ин модари азизро рӯҳаш шод ва ҷояш Ҷаннат бод.
Бо эҳтироми самимӣ,
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.