0.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Суханронии хаёлии Раҳмонов дар назди Порлумон: парадоксҳои доимӣ

Рӯзи 26 январ Эмомалӣ Раҳмонов паёми солонаи худро ба Порлумон ироа кард. Ӯ тақрибан ҳудуди 2 соат ба кишвар гуфт, ки сарфи назар аз бемории ҳамагир, Тоҷикистон муваффақиятҳоеро ба даст овард. Вай тавзеҳ дод, ки агар мушкилоте вуҷуд дошта бошанд ҳам, инҳо мушкилоти хеле ҷузъӣ ҳастанд ва барои онҳо на ҳукумат, балки дигарон гунаҳкоранд. Барои мисол дар охири соли гузашта ҳукумат маҷбур шуд, ки маҳдудияти барқро ҷорӣ кунад, аммо дар айни замон Раҳмонов итминон медиҳад, ки дар кишвар нерӯи барқ ​​кофӣ буда, мушкилот дар масрафкунандагон аст, зеро онҳо нируи барқро оқилона истифода намебаранд.

Бале, раисҷумҳур эътироф кард, ки рукуди иқтисодӣ каме вуҷуд дорад ва ин ба далели бемории ҳамагири КОВИД-19 аст ва Раҳмонов аз тарафи худ ҳама корҳои имконнопазирро анҷом дод ва тавонист, то сатҳи зиндагии аҳолиро ҳифз ва беҳтар кунад. Аммо ӯ дақиқан нагуфт, ки мардум чӣ гуна беҳтар зиндагӣ мекунанд. Дар мавриди мавзӯи доғи болоравии нархи маводи ғизо бошад, ӯ бо эҳтиёткорӣ сукут варзид, гӯё ин як мушкилоти ночиз аст. Пас маълум мешавад, ки одамон камтар хӯрок мехӯранд ва беҳтар зиндагӣ мекунанд. Аҷаб таззоде!

Раисҷумҳур ҳамчунин дар бораи коҳиши воқеии даромади аҳолӣ хомӯш монд. Аз нигоҳи ӯ модом, ки даромади аҳолӣ афзоиш ёфтааст, пас аҳолӣ пул дорад ва ин маънои онро дорад, ки зиндагӣ беҳтар шудааст. Аммо Раҳмонов таваррумро пай намебарад, ҳарчанд ба назар чунин мерасад, ки аҳолӣ бештар пул дорад, аммо бо ин маблағ наметавон мисли пештара маводи ғизоӣ харидорӣ намуд.

Раисҷумҳур ҳамчунин гуфт, ки ба далели ҳамагири КОВИД-19, то 80% муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонанд барои кор ба хориҷ раванд ва ин баръакс, хуб аст, зеро ҳоло муҳоҷирони собиқ метавонанд дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ пайдо кунанд. Ва боз як таззоди дигар: Раҳмонов ин ҷойҳои кориро мебинад, вале одамоне, ки бидуни василаи рӯзгор мондаанду ба ҳама гуна кор ва шароит омодаанд, ин ҷойҳои кориро пайдо карда наметавонанд, ки ин зоҳиран танҳо дар тасаввури раисҷумҳур вуҷуд дорад. Фасод ва терроризм душманони асосии Тоҷикистон дониста шуданд. Раисҷумҳур чандин солҳост, ки бо фасод мубориза мебарад ва ҳоло низ дар ҳоли мубориза аст, аммо ҳама ба хубӣ медонанд, ки “об аз боло лой аст”, яъне мубориза бо фасодро аз худи Раҳмонов ва хонаводаи калонаш оғоз кардан лозим аст. Чун ҳамеша мухолифин ба унвони террористони асосӣ ва хоинони Ватан муаррифӣ шуданд. Албатта, таҳдиди асосӣ барои тоҷикон на роҳзанони силоҳбадаст, балки одамони осоишта ва солимақл мебошанд. Таззоди навбатии Раҳмонов!

Дастоварди асосии Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ӯ суханрониашро аз он оғоз намуд ва ба он таваҷҷӯҳ ва вақти зиёд ихтисос дод, пирӯзӣ бар вируси куруно аст. Аҷиб! Наход, ки ӯ воқеан худаш ба ин бовар дорад? Тамоми ҷаҳон бо вирусе мубориза мебарад, ки миқдори сироятҳо зиёда аз 100 миллион гузаштааст,бисёре аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аллакай бори сеюм карантин ҷорӣ карданд, вале дар мо ҳама чиз хуб ва устувор аст. Бале, эътироф кардани ин беморӣ дар кишвар барои Раҳмонов хилофи манфиатҳои ӯст. Зеро ҷорӣ кардани карантин барои иқтисоди Тоҷикистон оқибатҳои фоҷеабор дорад, ки кишвар тавони таҳаммули онро надорад. Таззоди дигар: дар кишвар ягон вирус вуҷуд надорад, аммо Раҳмонов барои мубориза бо ин беморӣ аз гирифтани кӯмакҳои башардӯстона худдорӣ намекунад ва дар айни замон фаромӯш мекунад, ки кӯмакҳо барои аҳолии кишвар пешбинӣ шудаанд, на барои раисҷумҳур ва хонаводаи ӯ! Масъулини ҳама сатҳҳо аз эътирофи мавҷудияти ин беморӣ меҳаросанд, зеро ин боиси хашми раисҷумҳур мегардад. Аз табибон сар карда, то Вазорати тандурустӣ ҳама муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд. Бо баҳонаи мубориза бо вируси курунои дар кишвар ” вуҷуднадошта” дари масҷидҳо баста шуданд. Таззоди дигар: вируси куруно вуҷуд надорад, аммо барои мабодо мо масҷидҳоро мебандем, ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва корхонаҳои савдо бошад, набояд даст расонд.

Раҳмонов дар кишвар вазъияти хеле хатарнокеро ба вуҷуд меорад. Аҳолӣ бовар мекунад, ки вируси куруно вуҷуд надорад, он шикаст хӯрдааст ва ҳушёрии худро аз даст дода, тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро дигар риоя намекунанд. Ва ин ҳама дурӯғҳои Раҳмонов ба чӣ оварда мерасонад, тасаввур кардан душвор аст? Дар чунин ҳол, суханронии раисҷумҳурро ба ҷуз хобу хаёл наметавон чизи дигаре номид. Охир чӣ гуна метавон воқеиятро инкор кард ва ба мушкилоти ҷиддӣ аҳамият надод, гуноҳи худро эътироф накард ва ба гардани дигарон бор кард ва ошкоро дурӯғ гуфт? Мушкилотро набояд пинҳон кард, балки онро бояд ҳал намуд, дар далелу рақам набояд ба тақаллуб роҳ дод, балки бояд онҳоро ошкоро гуфт, иштибоҳҳои ҳукуматро бояд эътироф ва роҳҳои ислоҳи онро бояд нишон дод. Раҳмонов бошад, дар дунёи аз мардум ва мушкилоти мардум хеле дур зиндагӣ мекунад ва ба касе ҳисобот доданӣ нест. Ӯ ба истеъдоди худ ҳамчун як раҳбари истисноӣ боварӣ дорад. Вале косаи сабри мардум ҳам ҳад дорад!

 
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”
 
 
 
 
 
 
 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза