0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

30 СОЛИ ЗИНДОН БА СӮҲРОБ ЗАФАР ВА 20 СОЛ БА НАСИМҶОН ШАРИПОВ

 

Ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳост кишвари Тоҷикистонро зери зулм ва фишори сиёсӣ нигоҳ медорад, бори дигар собит кард, ки омода аст ҳар гуна ҳимоятгари ҳуқуқ ва озодӣ, ё ҳар нафаре, ки ҷуръат мекунад бар зидди режим овоз баланд кунад, ба шиканҷа, ҳабс ва зиндон маҳкум намояд. Таҷрибаи ахир бо эълони ҳукми сангини Судя Нурзода Сайвалӣ алайҳи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов бо моддаи 307 (қисми 1.2.3) ва 187 (қисми 1.2) нишон медиҳад, ки маъмурияти ин режим то куҷо бо фармони диктатор Раҳмонов ноодилона ва золимона ҳукм мекунанд.

Ҳукми судии онҳо паси дарҳои бастаи ин режими қотил рӯзи 10-октябр соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Сӯҳроб Зафар ба мӯҳлати 30 сол ва Насимҷон Шарипов ба 20 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд — ҷазоҳое, ки инъикоси тарси беандозаи ҳукумат аз мухолифини худ аст.

Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов дар суҳбати охирини худ гуфтаанд, ки аз мубориза пушаймон нестанд. Сӯҳроб Зафар бошад гуфтааст; “Аз касе барои мубориза пора нагирифтаасту ҳаққи касеро нахӯрдааст. Тамоми қонунҳои байналмиллалӣ ва дохилиро риоя кардааст. Аз касе муттаҳам ва касеро накуштааст, ки пушаймонӣ кунад… Ӯ гуфт, ба халқу миллатам хиёнат накардаам ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” низ террористиву ифротӣ нест…!!!

Дар моҳи феврал ва марти соли 2024, ҳангоми дузди ва истирдоди ин ду фаоли сиёсии Ҳаракати “Гурӯҳи-24” аз Туркия ба Тоҷикистон, ҷаҳон ба рӯйдоди дигаре аз худсариҳои режими Раҳмонов шоҳид шуд. Ҳардуи ин шахсон дар хориҷ аз кишвар барои озодӣ ва ҳақиқат мубориза мебурданд, вале режим бо кӯмак ва ҳамоҳангии давлати Туркия тавонист онҳоро ба кишвар баргардонад ва дар судҳои сохта ҳукмҳои золимонаи сангин эълон кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша бо истифода аз судҳо ҳамчун абзори фишор ва тарс, бо ягон меъёрҳои адолати ҳуқуқӣ рафтор намекунад. Ин ҳукмҳо танҳо натиҷаи душманӣ бо озодандешон ва касонеанд, ки кӯшиш мекунанд садои мардумро баланд кунанд. Зоҳиран, ин ҳукумат на танҳо ба ҳуқуқи инсон эҳтиром надорад, балки ҳар нафари озодфикр ва мухолифро душмани шахсии худ меҳисобад. Маҳз ҳамин гуна рафтор боис мешавад, ки ҷавонони тоҷик аз ватан гурезанд ва дар кишварҳои хориҷӣ ҷустуҷӯи озодӣ ва ҳақиқатро идома диҳанд.

Ин ҳукумат ба ҷойи гӯш кардан ба мардум ва шунидани овози мухолифин, танҳо бо фишор, тарс ва зӯроварӣ ҷавоб медиҳад. Ҳабси Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов, ки бо мубориза барои адолат ва мардумсолорӣ машғул буданд, фақат як намунаи дигарест аз сиёсати саркубгаронаи ҳукумати Раҳмон, ки ҳадафаш танҳо нигоҳ доштани қудрат бо ҳар роҳ ва восита мебошад.

Дар шароите, ки ҷаҳон беш аз пеш ба озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ дорад, ҳукумати Тоҷикистон баръакс, роҳи саркӯбу тарсу даҳшатро интихоб мекунад. Ин ҳукумат тамоми маънои демократияро таҳқир мекунад ва тамоми маънӣ ва арзишҳои адолатро поймол менамояд. Бо чунин амалҳо, Тоҷикистонро ба як кишвари пур аз тарс, беадолатӣ ва зулм табдил медиҳад, ки мардумаш маҷбур мешаванд ё хомӯш бошанд ё тарки ватан кунанд.

Ҷомеаи Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳуқуқи инсон бояд ин амалҳои золимонаро маҳкум кунанд ва барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар талош намоянд.

Ҳамчунин шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ, ки бе тафовут ҳастанд дар ин қазия, шумо фикр накунед, ки ин диктатор шуморо чизе нагуфтаасту намегӯяд, балки аз так-таки шумо низ ин Раҳмонов хабар хоҳад гирифт. Лизо бетарафиро канор гузоред ва нагузоред ин бадбахтии Раҳмонов болои сари қаҳрамонони миллат ояд!

Дар охир дуогӯ бошед дар ҳақи бародарони муборизи зиндонӣ!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза