32.1 C
Dushanbe
21.07.2025

22 Июл — Рӯзи Иди Забон ё 5 Октябр — Рӯзи дуздидашуда!

Сараввал ба ифтихори 22 июл — Рӯзи забони тоҷикӣ, ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, хоса устодон, омӯзгорон, адибон, зиёиён, донишмандон ва ҳар шахсе, ки барои ҳифз ва рушду густариши забони модарӣ саҳм мегузорад, сидқан табрик мегӯем!
Бигзор ин рӯз ҳамеша рамзи ифтихор, ҳувият ва ваҳдати миллии мо боқӣ монад!

Аз бедории миллӣ то таҳрифи таърихӣ дар замони шахсиятпарастӣ

Забон, яке аз рукнҳои муҳими ҳувияти миллӣ аст. Барои тоҷикон, ки солҳои тӯлонӣ дар доираи низоми Шӯравӣ зери фишори ассимилятсия ва каноргузории забонӣ қарор доштанд, мубориза барои мақоми расмии забони модарӣ як пояи бедории миллӣ ва худшиносии ҷамъиятӣ гардид. Қабули Қонуни забон дар 22 июли соли 1989 як гардиши таърихӣ буд, ки ҷомеаи тоҷик онро ҳамчун Рӯзи иди забон ҷашн мегирифт.

Аммо пас аз қувват гирифтани ҳокимияти шахсиятпарастона дар кишвар, ин сана аз тақвими расмӣ ҳазф ва бо 5 октябр — зодрӯзи роҳбари ғайриқонунии кунунӣ иваз карда шуд. Ин амал ҳамчун дуздии санаи таърихӣ ва таҳқири хотираи миллӣ аз сӯи зиёиён ва фаолони ҷомеа арзёбӣ гардид.

Тоҷикистон дар давраи охири Шӯравӣ

Дар солҳои охири Шӯравӣ, Тоҷикистон монанди дигар ҷумҳуриҳои иттиҳод, забони модарии худро фақат дар муҳитҳои хонагӣ ва фарҳангӣ истифода мебурд. Забони расмӣ — русӣ буд ва забони тоҷикӣ дар саҳнаи сиёсиву давлатӣ канор монда буд.

Бо оғози бозсозии Горбачёв (соли 1985), муҳит барои матраҳсозии масоили забонӣ бозтар гардид. Ин фурсат ба зиёиён, фарҳангиён ва ҷомеаи маданӣ имкон дод, ки масъалаи эҳёи мақоми расмии забони тоҷикӣ ба рӯзномаҳои сиёсӣ ворид гардад.

Киҳо саҳми арзандае доштанд дар ин рӯз ва киҳо забонро эҳё карданд?

Мубориза барои расмӣ шудани забони тоҷикӣ асосан аз роҳи фаолиятҳои фарҳангӣ, илмӣ ва сиёсӣ сурат гирифт. Шахсиятҳои барҷастае бо сабру матонат дар ин роҳ саҳми бузург гузоштанд.

Аз ҷумла:
• Муҳаммадҷон Шакурӣ — донишманд ва маорифпарваре, ки барқарории забони тоҷикиро рисолати таърихӣ медонист;
• Муъмин Қаноат — шоир ва вакили мардумӣ, ки дар парлумон бо суханрониҳои таъсиргузор барои забони модарӣ ҷонбозӣ кард;
• Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Носирҷон Салимӣ, Нуралӣ Нурзод ва даҳҳо фарҳангию сиёсатмадори дигар;
• Шумораи зиёди муаллимон, рӯзноманигорон, донишҷӯён ва фаолони ҷомеаи маданӣ дар шаҳру деҳот, ки тавассути навиштаҳо, муроҷиатномаҳо ва гирдиҳамоиҳо аз ин иқдом пуштибонӣ карданд.

Маҳз бо талоши чунин шахсиятҳо ва пуштибонии мардум, 22 июли соли 1989, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Қонуни забон-ро қабул намуд, ки тибқи он:
• Забони тоҷикӣ забони давлатии ҷумҳурӣ эълон шуд;
• Баробарҳуқуқии забонҳои дигар таъкид ёфт;
• Сохторҳои давлатӣ, мактабҳо ва расонаҳо бояд тадриҷан ба тоҷикӣ гузаранд.

Аз рамзи миллӣ то рӯзномаи шахсӣ: киҳо хиёнат карданд?

Соли 2009, пас аз иваз кардани Қонуни забон, санаи муқаддаси 22 июл бекор карда шуда, ба ҷояш 5 октябр — зодрӯзи роҳбари ғайриқонунии кунунӣ ҳамчун “Рӯзи забон” ҷорӣ шуд.

Ин иқдом бо тасмими Маҷлиси намояндагон, таҳти роҳбарии маъмурони тобеъ ва мутеъ, аз ҷумла:
• Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси собиқи Маҷлиси миллӣ;
• Шукурҷон Зуҳуров, раиси онвақтаи Маҷлиси намояндагон;
• Ва вакилони тобеи ҳокимияти иҷроия, ки бе баҳсу муқовимат тасмими сиёсишударо тасдиқ карданд,
амалӣ гардид. Аммо мутаассифона диктатор Раҳмонов аз иваз кардани рӯзи таърихӣ на танҳо зид набаромад, балки хушҳолам шуд…

Фарҳангиён ва зиёиёни миллӣ ин иқдомро хиёнат ба таърихи миллӣ, хусусигардонии арзишҳои умумимиллӣ, ва табдили забон ба рамзи шахсиятпарастӣ арзёбӣ карданд.

Хулоса
1. 22 июли 1989 на танҳо як санаи ҳуқуқӣ, балки рамзи бедории миллӣ, худшиносӣ ва ғалабаи фарҳанг бар зулм буд.
2. Иваз кардани он бо рӯзи шахсӣ — амали хиёнаткоронаест, ки хотираи таърихиро таҳриф мекунад ва шахсиятпарастиро дар маркази фарҳанг қарор медиҳад.
3. Барқарор кардани 22 июл ҳамчун Рӯзи расмии забони тоҷикӣ бояд ба талаби умумимиллӣ табдил ёбад.
4. Ҳифзи забон ва хотираи таърихӣ масъулияти ҳар шаҳрванди ватандӯст аст, зеро забон — рамзи истиқлол ва ҳастии мост.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза