Рӯзи 26 ноябр Додгоҳи Измайловскии шаҳри Маскав вакили дифоъи маъруф ва фаъъоли ҳуқуқи башар Дагир Хасавовро бар асоси як парвандаи ҷиноии ба шоҳидӣ маҷбур кардан гунаҳгор донист ва ӯро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Ҳимоя аз ҳукм шикоят хоҳад бурд.
Мо, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мехоҳем ҷонибдории худро аз Дагир Хасавов баён кунем ва ба ҳама бигӯем, ки номбурда як шахси хеле сазовор, посухгӯ, ҳомии ҳақиқии ҳуқуқ ва пурғайрат мебошад ва аз озодӣ маҳрум кардани ӯ беадолатии бузург аст. Кумак ва дастгирии ҳуқуқшиносон ва фаъъолони ҳуқуқи инсон барои мухолифини сиёсии режими диктаторӣ хеле муҳим аст. Аммо пайдо кардани як вакили дифоъи хуб кори сода нест, зеро шумо бояд на танҳо як мутахассис, балки касеро пайдо кунед, ки ба арзишҳои шумо шарик бошад ва онҳоро ҳамчун арзишҳои худ ҳимоя кунад.
Дагир Хасавов ба унвони ҳамин гуна ҳуқуқшиносони ба ҳама маълум бо бисёр парвандаҳои пурсарусадо ва инчунин бо пуштибонии ошкораш аз мухолифони тоҷик маъруф аст ( “беҳтарин чизе, ки тоҷикон доранд, мухолифини тоҷиканд …”), ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қонуншиканӣ дар кишвари мо ҷалб кард. Номбурда на танҳо аз ақоиди мухолифин дастгирӣ мекард, балки аз парвоз кардан ба Тоҷикистон наҳаросид, то дар ҳамон ҷо ба нақзи ваҳшиёнаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби режими Раҳмонов, ки ӯро диктатор, шиканҷагар ва ҷаллод меномид, боварӣ ҳосил кунад. Ӯ дар таҳия ва пешниҳоди ҳисобот дар бораи шиканҷаҳо, кушторҳо ва нақзи озодиҳои асосӣ ва ҳуқуқҳо дар Тоҷикистони муосир ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ширкат варзид. Моҳи сентябри соли 2016, Дагир Хасавов дар Варшава, дар конфронси солонаи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва демократия барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии мардуми тоҷик суханронӣ кард.
Соли 2018 ба шарофати талошҳои ин мард адолат барқарор шуд ва Суди конститутсионии Туркия қарор кард, ки сарварони гурӯҳи мо Сӯҳроб Зафар ва Насим Шарифовро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Дар ин парванда ӯ тавонист ҳамаро бовар кунонад, ки айбномаҳо тақаллубиянд , зеро хуб медонист, ки режими Раҳмонов мухолифинро чӣ гуна бераҳмона таъқиб ва саркӯб мекунад.
Дагир Хасавов баръало ба тоҷикистониҳо дилсӯз аст ва ӯ на танҳо аз чеҳраҳои сиёсӣ, балки аз шаҳрвандони оддӣ низ дифоъ мекард ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия то чӣ андоза нотавон ва бе дифоъ ҳастанд. Яке аз парвандаҳои охирии ӯ, парвандаи пурсарусадои духтари панҷсолаи кушташуда Ҳувайдо Тиллозада аст. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин қазия намунаи равшани интихобӣ будани низоми додгоҳии Русия аст, ки моил нестанд чунин парвандаҳои муҳоҷирон аз ҷониби мақомоти тафтишот ва додгоҳҳо мавриди таҳқиқ ва муҳокима қарор гиранд. Ва ба мисли ин вакили дифоъи поквиҷдон пайдо намудани ҳуқуқшиноси воқеан хуб барои ҳамватанони мо дар чунин вазъ хеле мушкил аст. Мутаассифона, Дагир Хасавов ин парвандаро ба анҷом расонида натавонист, зеро ӯ моҳи сентябри соли 2019 боздошт шуда буд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба Дагир Хасавов барои фаъолияти чандинсола, далерӣ ва муборизааш барои ҳуқуқу озодиҳои мардуми тоҷик миннатдории амиқ изҳор мекунад.
Дагир Хасавови азиз! Шумо танҳо нестед, садҳо нафар одамони қадршиноси миллатҳои гуногун шуморо дастгирӣ мекунанд ва ба бегуноҳии шумо боварӣ доранд. Аз болои қарори суди Измайловский шикоят бояд бурд ва набояд таслим шуд!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”