15.1 C
Dushanbe
25.12.2024

Ҳамкории созмонҳои сиёсӣ ва фаъол шудани муборизаи онҳо

Санаи 27-уми июни соли 2014-ум, аъзову тарафдорони созмони сиёсии «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» якҷоя бо аъзову тарафдорони ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24», ки шумораи онҳо зиёда аз 30 нафарро ташкил мекард, дар масҷиди шаҳри Маскав гирди ҳам омаданд. Ин якумин вохурӣ ва як гоми хеле муҳиме барои мухолифини норозии ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави Руссия буд, ки бидуни ҳеҷ тарсу ҳаросе сурат гирифт ва ба эшон як умеду руҳияи тозае бахшид.

Баъд аз муддати дарози шиканҷаю куштори мухолифини сиёсӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби президенти худкома – Эмомалӣ Раҳмон, ин 30 нафар қолабҳои мавҷударо шикастанд ва талош варзиданд, то бар якдигар эътимоду боварӣ пайдо кунанд. Онҳо мӯътақид шуданд, ки дар якҷоягӣ ва боҳам метавон ҳарчиро тағйир дод. Боварӣ ба тавонмандӣ ва бузургии худ, боварӣ ба озодандешию мардумсолорӣ. Роҳу андеша ва боварӣ ба худ доштани он гурӯҳи кучики ҷавонон, имрӯз, эҷодгари ҳазорҳо мухолифи андешаманд шуда, ки барои ҳукумати Раҳмонов балое гардидаанд. Дар он нишаст, мушкилиҳои мавҷудаи имрӯзаи ватани маҳбубамон, ба нақша гирифтани фаъолияти созмонҳои сиёсӣ ва вохӯрии оянда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳз баъди як моҳ, санаи 27-уми июл, аъзову тарафдорони ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» бо созмони сиёсии «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» як раҳпаймоӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон, дар хиёбони сулҳи шаҳри Москов баргузор карданд.

Шумораи гирдиҳамомадагон на камтар аз 50 нафар буд. Талаби онҳо ошкор гардонидани ҷиноятҳои Раҳмонов ва озод кардани ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон буд. Чунин гирдиҳамоӣ дар тули ду даҳсола рух надода буд ва албатта, ғайри имкон менамуд. Тавре интизор мерафт, паём дар бораи ин раҳпаймоӣ, Раҳмоновро бо наздикони дуздаш ба ташвиш овард ва барои наздикони гуруснаю худкомаи Раҳмонов, як азоби бехобӣ пайдо шуд.

Ҳаракати сиёсии мардумии «Гурӯҳи 24» бо боварии комил, аз самими қалб, изҳор мекунад, он рӯз дур нест, ки идомаи ин раҳпаймоии мардумӣ, дар дохили ватани азизамон, дар майдони Сомонии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Натиҷааш аз байн бурдани ҳукумати худкомаи Раҳмонов ва ба додгоҳи халқӣ супурдани Раҳмонов барои ҷиноятҳои алайҳи мардуми тоҷик анҷомдодааш.

(навор)

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза