Бо ниҳояти андуҳ ва дилшикастагӣ хабар ёфтем, ки падари гиромии Дилшод Одинабеков, яке аз муборизони шуҷои роҳи озодӣ ва узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, дар синни мубораки 81 солагӣ аз ин дунёи фонӣ ба дунёи боқӣ реҳлат карданд.
Дар ин лаҳзаҳои душвори ҳаёт, тамоми аъзоёни Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” самимона ба Дилшод ва ба ҳамаи аҳли оилаашон изҳори таслият намуда, дар ғаму андӯҳи онҳо шарик ҳастанд. Мо медонем, ки даргузашти падар хеле сахт ва ғами бузургу ҷуброннопазир аст. Падари Дилшод Омӯзгор, инсони бофарҳанг, меҳрубон ва сарсупурдаи роҳи ҳақиқату адолат буданд, ки бо тарбияи фарзандони фарзонаи худ ва ҷомеаи мо хидмати зиёде намудаанд.
Мо ҳама бо шумо дар ин лаҳзаҳои душвор ҳамдардӣ мекунем ва дуо мекунем, ки Худованд ба шумо сабру тоқат ато намояд. Ва номи неки онҳо ҳамеша дар дилҳои мо боқӣ хоҳад монд. Ёд ва хотираи ӯро гиромӣ медорем.
Бо эҳтиром ва ҳамдардии амиқ, аз номи тамоми аъзо ва тарафдорони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.