-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

ҲАМА ГУНА БӮҲТОН, ЗӮРОВАРӢ НИСБАТ БА НОТАВОНОН ВА ДУРӮҒРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

Як ду рӯз пеш, як блогери тоҷик наворе дар саҳифаи ютюбиаш нашр кард, ки дар он бо нафаре бо номи Ҷовидони Ғаюрзода сӯҳбат мекард. Аз рафти навор маълум мешавад, ки Ҷовидони Ғаюрзода худро корманди мақомоти амниятӣ муаррифӣ мекунад ва дар рафти ин сӯҳбат перомуни зане бо номи Мадина ҳарф мезананд. Дар ин навор Ҷовидони Ғаюрзодаро ба он муттаҳам мекарданд, ки ӯ бо ҳамроҳии Ҷамшед Шарифов ба Мадина занг зада, худро корманди мақомоти амниятӣ муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ва зӯроварӣ ин занро ба доми худ афтондаанд ва ин зан нисбат ба блогер тӯҳмат ва ҳарфҳои ғайри воқеӣ задааст! Ин навор наздик ба якуним соат идома меёбад ва дар идомаи навор он зан ба ҷои кори блогер омада, моҷароро пурра баён мекунад! Дар ин навор Ғаюрзодаро хоини миллат муаррифӣ карда, онро ба гурӯҳҳои мухолифин нисбат медиҳанд.
“Гурӯҳи 24” ин амали ноҷавонмардона, ғайри ахлоқӣ ва берун аз инсониятро аз тарафи Ҷовидон ва Ҷамшед маҳкум намуда, баён медорад, ки Ҷовидони Ғаюрзода узви ин гурӯҳ нест ва ба “Гурӯҳи 24” ҳеҷ рабте надорад!

Ҷовидони Ғаёрзода корманди мақомоти амниятии Раҳмонов буда, ба иқрори худаш дар ин навор, дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар ш.Қоҳира, Истанбул ва Дубай ифои вазифа ( разведка ва ё хабаркашӣ) мекардааст. Дар ин навор иқрор мешавад, ки бо як корманди амният ( “бо як корманди худамон гап задм”) дар тамос будааст. Ӯ чандест дар Олмон дархости паноҳандагӣ кардааст ва талош дорад худро ба гурӯҳҳои мухолифин пайваст кунад.
Чунин амалҳои муғризона, дурӯғ, берун аз одоби инсонӣ ва берун аз шариати исломӣ на танҳо аз ҷониби Ҷовидон ва Ҷамшед, балки аз ҷониби ҳар кӣ анҷом ёбад, манфур ва мардуд аст!

Ҳарчанд ки дар ин навор худи Ҷамшед Шарифов намоён нест, вале Бобоҷон88 ва зани фиребхӯрда ӯро низ дар ин кор шарик медонанд! Ҷамшед Шарифов, ки бархе ӯро узви расмии “Гурӯҳи 24” медонанд, сар аз Русия шурӯъ карда, бо ширкаташ дар барномаҳои онлайнии мухолифин шинохта шудааст. Ширкат дар барномаҳои онлайнии мухолифин озод буда, ҳар тарафдор ва ё бетараф, мувофиқ ва ё мухолиф метавонад бо зер кардани торнамои мавҷуда вориди барнома шуда, фикру назари худро баён намояд! Ширкат дар ин барномаҳо маънои узвият дар гурӯҳеро надорад! Агарчӣ ӯ аз барномаи “Гурӯҳи 24” тарафдорӣ карда бошад ҳам.
Садорати “Гурӯҳи 24” пас аз рӯхдоди ин ҳодисаҳо, барои муайян кардан, ба дафтари сабти аъзои гурӯҳ муроҷиат карда, онро пурра аз назар гузаронид ва дар рафти ин таҳқиқ муайян гардид, ки Ҷамшед Шарифов узви расмии “Гурӯҳи 24” набуда, ҳеҷ гоҳ ба ӯ варақаи узвият зери рақами мушаххасе дода нашудааст. Бо итминон метавон гуфт, ки ӯ узви расмии “Гурӯҳи 24” нест. Дар сурати узви “Гурӯҳи 24” будан, бо судури чунин беназмӣ аз гурӯҳ хориҷ карда мешуд!

Барнома ва аҳдофи “Гурӯҳи 24” рӯшан, муайян ва муназзам мебошад. Яке аз аҳдофи мо расидан ба ҷомеаи инсонсолор мебошад. Номус, шараф ва обрӯ аз муқаддасоти инсонӣ мебошанд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад бо шантаж ва беасос ва бо нашри маълумоти таҳқиқношуда обрӯи касеро паст занад ва зиндагии якеро халалдор созад!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза