-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Ҳайати ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи24” дар иҷлосияи 126-уми Кумитаи Ҳуқуқи башари СММ дар шаҳри Женеваи Швейтсария

Санаи 1-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария иҷлосия 126-уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, ки дар он намояндагони режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмонов барои гузориши муфассал дар бораи иҷрои Паймони Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ ширкат варзиданд. Дар рӯзҳои 2 ва 3-уми июл намояндагони режими Э.Раҳмонов зери раҳбарии Юсуф Раҳмон, додситони кулл, ба суолҳои аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид  посух доданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи24” ҳайти худро барои ишитирок дар ин иҷлосияи муҳим сафарбар намуд, ки онро масъули равобити ҳориҷии ҳаракат Нуриддини Ризоӣ сарпарастӣ менамуд. Хурсанд Наҷмиддинов ва Абузар Хоҷазода шомили ин ҳайат буданд. Ҳайат барои фаъолона иштирок намудан дар ин иҷлосия рӯзи 30 июни соли ҷорӣ вориди шаҳри Женева шуда ва аз оғози ин иҷлосия яъне рӯзи 1-уми июл то санаи 3-уми июл, ки рӯзҳои баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, фаъолона иштирок намуданд ва бо мақомоти баландпояи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ мулоқот доир намуданд. Зимни ин мулоқотҳо масоили ҳуқуқии кишвар баррасӣ шуд.

Дар баъзе аз расонаҳо сару садое баланд шуд, ки гӯё ҳайати “Гурӯҳи 24” ва дигар мухолифини режимро аз иштирок дар ин иҷлосия маҳрум сохтаанд. Хабари мазкур то он андозае, ки сару садо дод ҳақиқат надошт. Дар рӯзи аввали нишаст аъзоёни Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз ҳайатҳоии мухолифин дархост намуданд, ки толори нишастро тарк намоянд, зеро намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии кишвар аз Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дархост намуданд, ки онҳоро бо ҳайатҳои мухолифин дар як толор ҷамъ нанамоянд, то дар сурати бозгашт ба кишвар ба амнияти онҳо хатар эҷод нагардад. Пешниҳоди мазкур худ далиле буд барои бештар равшан намудани вазъи ногувори ҳуқуқи башар дар кишивар. Кумиати ҳуқуқи башари СММ барои нишаст бо ҳайати “Гурӯҳи 24” ва дигар мухолифин субҳи рӯзи 1 ва 2-уми илюро ихтисос намуд, ки дар он поймолшаваии ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар баррасӣ гардад. Иҷлосия аз санаи 1 то 3-уми июли соли ҷорӣ барои баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон муайян гардида буд ва ҳайати “Гурӯҳи24” низ аз рӯзи аввал то сеюми июл фаъолона иштирок намуд.

Дар ин иҷлосия режими Э. Раҳмонов муваззаф буд то оиди уҳдадориҳое, ки барои риояти ҳуқуқи башар дошт, ва чӣ корҳорро анҷом дод, гузориш диҳад. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо намояндагони режими худкомаи Э. Раҳмонов масъалаҳои муҳими кишварро баррасӣ намуда оиди мавзуъҳои зикршуда суолҳо кардаанд, ки дар он ҳуқуқҳои шаҳрвандон бевосита поймол гаштаанд. Аз ҷумла: муноқишаҳои хунини шаҳри Хоруғ дар соли 2012, бастани аҳзоби сиёсӣ, таъқиб ва зиндонӣ намудани аъзо ва пайрвони аҳзоб, ҳабс намудани вакилони дифоъ барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон, журналистон ва сиёсатмадорон бо ангезаҳои сиёсӣ, маҳдуд сохтани сару либоси мазҳабӣ ва фаъолиятҳои динӣ ва ғайра дар кишвар. Намояндагони режими Э.Раҳмонов дар ҳар ҳолат кӯшиш мекарданд, ки қазияҳои поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандонро бо иттиҳомоти бофташудаашон ранги дигар бидиҳанд. Аммо, ҷавобҳои онҳо ба суолҳои гузоштаи аъзои Кумита ғайри қаноъатманд буда аз мантиқ низ дур буданд. Иштироки намояндагони ҳаракат ва дигар мухолифин дар ин нишаст ва эътирози онҳо нистбати вазъияти бади ҳуқуқи башар дар кишвар худ баёнгари он буд.

Иҷлосияи 126-уми Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз санаи 1-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария кори худро оғоз намуд. Дар рӯзҳои аввал ва дуюми июл Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар алоҳидагӣ бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ дохил ва хориҷи кишвар мулоқотҳо доир намуд. Дар рӯзҳои 2 ва 3-уми июл намояндагони режими Э.Раҳмонов аз ӯҳдадориҳои худ нисбати ҳуқуқи башар дар Тоиҷикистон гузориш доданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи24” аз руи принсипҳои гузоштаи хеш, ки он ҳимоят кардан аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва хотима додан ба зулму истибдод дар кишвар аст идома дода, одитарин фурсатро истифода бурда аз ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар дифоъ хоҳад кард.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи24”

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза