9.1 C
Dushanbe
21.11.2024

Ҳайати “Гурӯҳи-24“дар конфронси САҲА: Омодагии ҷиддӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои башар дар Тоҷикистон

 

30 сентябри соли 2024, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) кори худро дар доираи масъалаҳои Ҳуқуқи Башар ва гуманитарӣ оғоз намуд. Ин конфронс, ки яке аз майдонҳои муҳими байналмиллалӣ барои баррасии мушкилоти ҳуқуқи инсон, озодӣ ва амнияти кишварҳои аъзои САҲА маҳсуб мешавад, имсол низ диққати фаолони сиёсии гуногунро ба худ ҷалб кардааст.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, ки ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои мардумсолорӣ дар Тоҷикистон тамаркуз мекунад, ба таври анъанавӣ дар ин чорабиниҳои байналмилалӣ фаолона иштирок менамояд. Имсол низ як ҳайати омодашудаи ин ҳаракат бо роҳбарии Дилшод Шарипов, дар конфронси САҲА ширкат хоҳанд кард.

Роҳбари ҳайат ва ҳамроҳонаш бо диди рӯшан ва нақшаи мушаххас аз вазъи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон баромад мекунанд. Онҳо дар бораи маҳдудиятҳои озодии баён, фишорҳои сиёсӣ ба мухолифони ҳукумат, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва ҷабрдидагони системаи диктатураи ҳокимият суханронӣ хоҳанд кард. Бо дарназардошти таҷрибаи бойи “Гурӯҳи-24” дар фаолиятҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, суханронии ин ҳайат метавонад барои ҷалби таваҷҷӯҳи байналмиллалӣ ба мушкилоти Тоҷикистон саҳми бузург гузорад.

 

Ҳадафи асосии “Гурӯҳи-24” дар ин конфронс ин баррасии мушкилоти фишорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии режим дар Тоҷикистон мебошад. Дар баромадҳои худ, ҳайати ҳаракат хоҳанд кӯшид, ки вазъияти воқеиро дар кишвар ба ҳамкорони байналмилалӣ ва намояндагони САҲА равшан кунанд. Гурӯҳи 24 таъкид мекунад, ки ба мушкилоти поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон дар Тоҷикистон на танҳо аз дидгоҳи сиёсии дохилӣ, балки аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ муносибат бояд кард.

Интизор меравад, ки суханрониҳои ҳайати Гурӯҳи 24 дар конфронси САҲА на танҳо таваҷҷуҳи ҳамкорони байналмилалиро ба мушкилоти воқеии Тоҷикистон ҷалб намояд, балки ба амалисозии чорабиниҳои мушаххас барои беҳбуди вазъи ҳуқуқҳои башарӣ дар кишвар мусоидат кунад. Роҳбар ва ҳайати ҳамроҳи ӯ барои расонидани паём ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бояд нисбат ба таъқибҳои сиёсӣ ва поймолкуниҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бетараф набошанд, сахт заҳмат мекашанд.

Иштироки фаъолонаи Гурӯҳи 24 дар чунин чорабиниҳои муҳим имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими миллӣ ва глобалии ҳуқуқи инсон бо чашми ҳассос дида баромада шаванд. Конфронси имсолаи САҲА барои ин ҳаракат як минбари навбатӣ мегардад, то садои онҳое, ки хомӯш мондаанд, ба ҷаҳон расонида шавад.

Суханрониҳои ҳайати Гурӯҳи 24 дар конфронси САҲА дар моҳи сентябри соли 2024 як қадами муҳим дар роҳи расонидани паёми халқ ва таблиғи озодиҳои демократӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Бо раҳбарии Дилшод Шарипов, ин ҳайат бо ҳадафҳои олие, ки ҳимояи ҳуқуқи инсонро дар мадди аввал мегузоранд, дар конфронс ширкат мекунад ва барномаҳои худ барои беҳбуди вазъи сиёсию ҳуқуқии кишварро пешниҳод менамояд.

Бо мо бимонед, то аз рафти ҷаласа огаҳи пайдо намоед!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза