Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!
Бо камоли эҳтиром ва самимият, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи мусалмонони рӯи олам табрику таҳният мегӯяд.
Худованд дар Қуръони карим мефармояд:
“Ё айюҳаллазина оману, кутиба ъалайкумус-сиём, камо кутиба ъалаллазина мин қабликум лаъаллакум таттақун…”
(Сураи Бақара, ояти 183), яъне:
“Эй касоне, ки имон овардаед! Бар шумо рӯза фарз гардонида шуд, ҳамон тавре ки бар умматони пеш аз шумо фарз шуда буд, то шояд парҳезгор шавед.”
Паёмбари акрам (с) фармудаанд:
“Ман соома Рамазона иманан ваҳтисобан ғуфира лаҳу ма тақаддама мин занбиҳи”
(Муттафақун алайҳ), яъне:
“Ҳар касе, ки бо имон ва умеди савоб рӯза дорад, гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешаванд.”
Рӯза доштан дорои фоидаҳои зиёди рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ мебошад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба инҳо ишора кард:
Покизагии рӯҳӣ ва тақвият бахшидани имон:
Рӯза сабаби наздик шудан ба Худованд ва баланд гардидани дараҷаи маънавият мешавад.
Таҳаммул ва сабру бардошт: Рӯза ба инсон сабр, худдорӣ ва таҳаммули мушкилотро меомӯзад.
Тандурустии ҷисмонӣ:
Тибқи таҳқиқоти тиббӣ, рӯза ба беҳбудии кори ҳозима, поксозии бадан аз токсинҳо ва танзими фишори хун кӯмак мерасонад.
Ҳамдардӣ ва кӯмак ба ниёзмандон:
Рӯза ба инсон эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагиро мефаҳмонад, ки боис ба ҳамдардӣ ва саховатмандӣ нисбат ба ниёзмандон мегардад.
Худшиносӣ ва худсозӣ:
Ин моҳи муборак моро ба худшиносӣ, назорат аз ҳавасҳои нафсонӣ ва беҳбуди ахлоқ даъват мекунад.
Бигзор ин моҳи муқаддас ба ҳар хонадони мусалмонон сулҳу осоиш, баракату файз ва шодиву нишот оварад! Худованд рӯзаю намоз, дуоҳову ибодатҳои ҳамагонро қабул кунад ва бароямон раҳмату нуру тавфиқ ато намояд.
Бо эҳтиром,
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”