3.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Қарори ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” оиди баргузории Гирдиҳамоӣ

Дирӯз роҳбари ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” зимни суханронии худ аз баргузории гирдиҳамоиҳо дар робита ба нопадид шудани фаъоли гурӯҳ Шобуддин Бадалов хабар дод.

Қарор аст ин гирдиҳамоиҳо назди сафоратҳои Русия дар як идда кишварҳо сурат бигиранд. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки “Гурӯҳи 24” расман ба ниҳодҳои гуногуни Русия муроҷиат намуда, хостори тавзеҳ додани қазияи Шобуддин Бадалов- узви “Гурӯҳи 24” шуд, ки дар сарзамини Русия нопадид гашт.

Ёдовар мешавем, ки Шобуддин Бадалов рӯзи 1-уми сентябр аз тарафи афроди бо либоси низомӣ дар шаҳри Нижний Новгород, дар маҳалли зисташ, рабуда шуда, инак 18 рӯз аст, ки сарнавишти ӯ норӯшан боқӣ мондааст. Вокуниши мақомоти гуногуни Русия ин буд, ки ин қазия марбути Вазорати Корҳои Дохилии Русия аст, вале Вазорати Корҳои Дохилии Русия то ҳанӯз хомӯш мебошад.

Суҳроб Зафар зимни суханронии худ қайд намуд, ки дигар фаъолони мо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва чандин бор ҷониби Тоҷикистон барои истирдоди онҳо муроҷиат кардааст, аммо мақомоти Русия ба ин дархостҳо ҷавоби рад додаанд, зеро “Гурӯҳи 24” дар қаламрави Русия “экстремистӣ” эътироф нашудааст ва фаъолияти он дар чорчӯби қонунҳои Русия сурат мегирад.

Аммо мисолҳои дигаре ҳам мавҷуданд, ки чӣ гуна Русия мухолифони сиёсии Раҳмоновро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд ва баъзеи онҳо ҳатто шаҳрвандии Русияро доштанд.

Ҳадафи “Гурӯҳи 24” аз ин иқдом, тавзеҳ пайдо кардан аз ҷониби Русия мебошад, ки ин шахс бо кадом асос истирдод карда шудааст? Ва пушти ин амал кӣ ё кудом ниҳод меистад? Мо чунин амалҳоро маҳкум мекунем ва онро ҷиноят мешуморем.

Роҳбари ҳаракат илова кард, ки “Мавқеи расмии Русия маълум нест ва мо дар ин замина равшанӣ мехоҳем.” Ба гуфтаи ӯ, “Гурӯҳи 24” маълумоти дақиқ дорад, ки режими Раҳмонов гурӯҳеро барои шикори фаъолони дигари мо фиристодааст. Дар поёни суханрониаш, ӯ дар робита ба нопадид шудани Шобуддин Бадалов ва дигар мухолифон баргузории эътирозҳоро ҳатмӣ дониста, қайд кард, ки “Гурӯҳи 24” роҳи дигаре надорад. “Мо бояд вазифаи худро иҷро кунем, мо бояд посухи худро бигирем”.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза