12.1 C
Dushanbe
12.11.2025

ҚАРОРИ ШӮРОИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ «ГУРӮҲИ-24»

 

Сана: 10 ноябри 2025

Дар бораи хориҷ намудани ду нафар аз сафи аъзои Ҳаракат

Шӯрои Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24», дар асоси баррасии пешниҳоди бахши кадр ва кадрсозии Ҳаракат ва бо такя ба меъёрҳои оиннома, масъулият ва интизоми сиёсӣ, пас аз муҳокимаи пурра ва баррасии ҳолатҳои дахлдор, қарор қабул намуд:

Бо сабаби риоя накардани талаботи Оиннома ва гузоштани манфиатҳои шахсӣ болотар аз манофеи умумии Ҳаракат,
шахсони зерин:

1. Қурбоналӣ Орипов (паноҳанда дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико),
2. Мустафо Ҳаётов (паноҳанда дар Ҷумҳурии Фаронса),

бо қарори Шӯрои Ҳаракат аз 10 ноябри 2025, аз сафи Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24» хориҷ карда шуданд.

Аз лаҳзаи тасдиқи ин қарор, номбурдагон дигар намоянда ва узви Ҳаракат нестанд ва Ҳаракат масъули ягон амал, изҳорот ва фаолиятҳои минбаъдаи онҳо нест.

Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24» бо арҷгузорӣ ба арзишҳои озодӣ, вафодорӣ ва масъулияти сиёсӣ таъкид менамояд, ки ҳифзи покизагии сафи аъзо ва устувории меъёрҳои ташкилотӣ яке аз рукнҳои асосии фаолияти он мебошад.

Ин қарор мувофиқи тартиботи дохилӣ ба қайд гирифта шуда, барои иҷро ва иттилоъ эълон мегардад.

Шӯрои Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24»

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза