-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Қарори Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” оиди таъини Акмал Астанаев ба мақоми намояндаи расмии “Гурӯҳи 24” дар кишвари Лаҳистон

Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” дар торихи 22-уми июли соли ҷорӣ, узви фаоли ин гурӯҳ- Акмал Астанаевро ба мақоми намояндаи расмии “Гурӯҳи 24” дар кишвари Лаҳистон (Полша), интихоб кард. То ин дам, намояндагии “Гурӯҳи 24” дар кишвари Лаҳистон бар дӯши сухангӯи ин гурӯҳ- Сайидалӣ Ашӯров буд.

Шаҳрвандони мо аз ин ба баъд, дар Лаҳистон метавонанд дар мавриди “Гурӯҳи 24” ба ҷаноби Астанаев муроҷиат кунанд. Акмал Астанаев зодаи Тоҷикистон (ноҳияи Восе) буда, то соли 2016-ум ҳамчун тарафдори “Гурӯҳи 24” фаолият мекард ва ӯ дар соли 2016-ум узвияти “Гурӯҳи 24”-ро ба даст овард. Ҷаноби Астанаев дар ин муддат дар мубориза алайҳи режими диктатори Раҳмонов саҳми назаррасе гузошта, барои барқарории озодӣ ва адолат дар кишвари Тоҷикистон талошҳои зиёде анҷом додааст. Ӯ яке аз муборизин ва озодихоҳони содиқ дар роҳи мубориза ба шумор меравад. “Гурӯҳи 24” дар кишварҳои гуногуне, аз қабили : Русия, Туркия, Гурҷистон, Укроин, Лаҳистон, Олмон, Утриш, Суид ( Шветсия) ва дигар кишварҳо намояндагиҳои худро дорад. Ёдовар мешавем, ки “Гурӯҳи 24” маҳз ба хотири пуштибонӣ аз мардуми Бадахшон, ки дар торихи 24-июли соли 2012-ум бори аввал аз ҷониби режими хунхор ва қотили Раҳмонов зери ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта буд, номгузорӣ шудааст ва тӯли 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати мардум аст. Яке аз аҳдофи аслии “Гурӯҳи 24” шикастани ҳукумати фасодзада ва сарнагун кардани роҳбари қотили он – Раҳмонов ва ба майдон овардани як ҳукумати интихобии мардумӣ мебошад.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза