9.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Худсарии мақомоти қудратӣ дар Хоруғ нооромиҳои мардумро барангехт

 Расонаҳо хабар доданд, ки субҳи имрӯз, 27 ноябр ҳангоми суханронии раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов бо тазоҳуркунандагон даргирӣ шурӯъ шуд ва кормандони мақомоти қудратӣ чор нафар аз иштирокчиёни тазоҳуротро ҳадаф тир қарор дода, захмӣ карданд.
Ин давоми нақшаи қатлу кушторҳои режими Раҳмонов барои саркӯб намудани мардуми адолатхоҳи вилояти Бадахшон аст. Ҳодиса аз он сар шуд, ки рӯзи 25 ноябр даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ дар назди бинои маъмурияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъ омада, муҷозоти масъулони марги Гулбиддин Зиёбековро талаб намуданд. Ҷасади ӯро ба бинои маъмурият оварданд.

Сокини деҳаи Шоҳдар Гулбиддин Зиёбеков дар ҷараёни як амалиёти вижаи нерӯҳои қудратӣ барои боздошти ӯ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ кушта шуд. Мақомот иддао доранд, ки Зиёбеков дар як гурӯҳи созмонёфта моҳи феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, чанд соат латукӯб ва шиканҷа кардааст. Ҳангоми боздошт ӯ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, захмӣ шудааст. Сокинони маҳаллӣ дар бораи ҳодиса фарзияи худро доранд: иттиҳом алайҳи ӯ муболиға буда, ёвари прокурорро ба хотири ҳимоя аз номуси як зани маҳаллӣ латукӯб кардааст. Ӯ ҳамчунин мусаллаҳ набуд ва ҳангоми боздошт муқовимат нишон надод, балки аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ хунсардона кушта шуд.

Сокинони маҳаллӣ аз ҳодисаи рухдода, беарзиш будани ҷони инсон, нотавонии худ ба хашм омада, ба муқобили зӯроварии нерӯҳои амниятӣ эътироз мекунанд. Мардум мехоҳанд, ки мақомот садои дили онҳоро бишнаванд, то гунаҳкороне, ки берун аз ваколатҳои хидматӣ боиси марги инсон шуданд, муҷозот шаванд, то чунин фоҷиа такрор нашавад. Аммо, чи тавре ки воқеаҳои баъдӣ нишон медиҳанд, мақомот ғайр аз зуроварӣ усулҳои дигареро намедонанд.
Ҳамин тариқ, ҳангоми кӯшиши пароканда кардани тазоҳуркунандагон чанд тан аз тазоҳургарони осоишта ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ду нафари онҳо Амиршоев Тутишо ва Муродбеков Гулназар ба ҳалокат расиданд. Баъдан барои рӯпуш кардани ҷиноятҳои худ аз рӯи нақшаи таҳиякардаи режими Раҳмонов интернет ва алоқаи мобилиро дар минтақа хомӯш карданд.
Хидматгорони ноуҳдабарои Раҳмонов ба ҷои ҳалли масъала вазъиятро боз ҳам муташанниҷ мекунанд.

Зодагони ВМКБ шоми 25-уми ноябр дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ ҷамъ омада, хостори пайдо кардани масъулони марги одамон дар Хоруғ, бардоштани тамоми гузаргоҳҳои низомӣ дар ин шаҳр ва барқарор кардани иртиботи мобилӣ бо минтақа шуданд. Бо вуҷуди сӯҳбати тӯлонӣ бо сафир эътирозгарон посухи мушаххас нагирифтанд. Тазоҳурот давом дорад.

Гирдиҳамоӣ ҳамчунин дар Хорӯғ низ давом дорад ва иштироккунандагони нав аз ноҳияҳо ба сафи онҳо мепайванданд. Сокинони маҳаллӣ бо дидани муносибати сарди мақомот ба масъала хостори талаботи нав, аз қабили барканор кардани раиси вилоят аз вазифа, берун бурдани қисми зиёди нерӯҳои низомӣ ва иваз кардани онҳо бо сокинони маҳаллӣ, барҳам додани гузаргоҳҳо, барқарор кардани алоқаи мобилӣ ва дастрасӣ ба интернет шуданд.
Вазъият боз ҳам доғтар мешавад, аммо раиси шаҳри Хоруғ- намояндаи режими Раҳмонов, ки меъёрашон чун ҳамеша дурӯғ гуфтан аст, дар сӯҳбат бо шабакаҳои хабарӣ мегӯяд, ки дар шаҳр ҳама чиз ором аст.

Мо ба мардуми Хоруғ дар талоши адолат ва озодӣ изҳори якдилӣ мекунем.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза