-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Хотираи Умаралӣ Қувватов абадан дар дили мост!

 Ҳафт сол пеш дар ҳамин рӯз, 5 март, Умаралӣ Қувватов бо фармони Раҳмонов ба қатл расонида шуд.

Ӯ яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз шахсиятҳои бонуфузи кишвар табдил ёфт. Аммо муваффақият ва нуфузи ӯ дар ҷомеа таваҷҷуҳи Раҳмоновро ба худ ҷалб кард ва ӯро таъқиб намуд. Дар ниҳоят, амволи Умаралӣ Қувватов ҳабс ва рабуда шуд ва қарор буд, ки ӯро зиндонӣ кунанд. Аммо ба ӯ муяссар гардид, ки ба Русия биравад ва дар онҷо муборизаи сиёсии худро алайҳи режими Раҳмонов оғоз намояд.

 Оғози фаъолияти сиёсии Умаралӣ Қувватов ба ҳодисаҳои ғамангези соли 2012 Хоруғ рост омад, ки 25-30 ҷавон дар мубориза барои озодӣ кушта шуданд. Ҳаракати сиёсии таъсискардаи Умаралӣ Қувватов маҳз ба ёди ҳамон ҷавононе, ки аз мухолифат бо Раҳмонов натарсиданд ва қурбони роҳи озодӣ шуданд, “Гурӯҳи -24” ном гирифт. Ин ҷунбиш зуд маъруфият пайдо кард ва Раҳмонов дарк намуд, ки  он метавонад дар оянда режими ӯро ба суқут оварда расонад. Таъқиби раҳбари ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов ӯро маҷбур кард, ки Русияро тарк кунад.  Раҳмонов бошад аз ин ором нашуд ва пайваста таъқибро давом дод, вале ин ҳама ирода ва рӯҳияи Умаралӣ Қувватовро шикаста натавонист. Раҳмонов чун фаҳмид, ки ӯ мухолифат ва фаъолияти сиёсии худро қатъ намекунад ва баръакс миёни муҳоҷирон ва мардум маъруфияти бештар пайдо мекунад, шумораи ҷонибдоронаш рӯз то рӯз меафзояд,  тасмим гирифт, ки ӯро аз байн барад.

5 марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов ва ҳамсару фарзандонаш аз сӯи қотилони фиристодаи Раҳмонов заҳролуд шуданд. Умаралӣ Қувватов аз заҳролудшавӣ хабардор шуда, ба кӯча баромад ва дар онҷо аз тири гулӯлаи як зархариди Раҳмонов ба қатл расид.

 Мо, аъзо ва ҷонибдорони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳар сол дар ин рӯзи фоҷиавӣ – 5 март аз ӯ ёдовар мешавем. Ҳар сол шумораи пайравони ӯ зиёд мешаванд, то роҳи ӯро давом диҳанд. Ҳамасола дар ин рӯз ёрони вафодори ӯ дар яке аз кишварҳо барои гиромидошти хотираи бунёдгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҷамъ омада, сурае аз Қуръони каримро қироат мекунанд ва дар бораи корномаҳои ӯ сӯҳбат мекунанд. Ва то замоне ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳ-24” вуҷуд дорад, ин анъана идома хоҳад ёфт.

 

 Умаралӣ Қувватов бо қимати ҷони худ барои мо роҳ кушод. Ин роҳ –  роҳи ояндаи дурахшон, роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ободу адолатпеша мебошад. Ва мо бояд ба хотири Умаралӣ Қувватов, ба хотири ояндаи фарзандонамон ин роҳи пурхатар, вале пуршарафро то расидан ба ҳадаф идома диҳем.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза