27.1 C
Dushanbe
24.07.2025

Хомӯшии ҳукумати Раҳмонов дар муқобили таҳқири мардуми Тоҷикистон

Дар рӯзҳое, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон бо шиддати лозимӣ ба куштори шаҳрвандонаш дар қаламрави Федератсияи Русия вокуниш нишон дод ва амалиёти боздоштро алайҳи Рӯсҳо оғоз кард, ҳукумати Тоҷикистон боз ҳам хомӯш монд. Хомӯшие, ки солҳост ба як қисми сиёсати хориҷии режими Раҳмонов табдил ёфтааст.

Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, шоҳиди онем, ки дар чанд соли охир садҳо шаҳрванди тоҷик дар Русия мавриди латукӯб, таҳқир, боздоштҳои худсарона ва ҳатто куштор қарор гирифтаанд. Аммо мутаассифона, на як бор сафири Тоҷикистон ба сурати ошкоро аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дифоъ кардааст ва на ҳукумат садои эътирозе баланд намудааст.

Мисоли ахир, вокуниши қотеонаи давлати Озарбойҷон ба қатли ду шаҳрванди худ дар Русия аст. Онҳо на танҳо амалиёти боздоштро оғоз карданд, балки дар сатҳи давлатӣ талаб карданд, ки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Чаро ҳамин гуна муносибатро аз ҷониби Тоҷикистон намебинем?

Магар ҷони як шаҳрванди Тоҷик камарзиштар аз дигарон аст? Магар шаъну шарафи Тоҷик камтар аст? Ё шояд режими фосиди кунунии Раҳмонов аз бими ранҷондани “шарики стратегии худ” – Русия – дигар на ҳуқуқи шаҳрвандонашро мебинад ва на хуни рехтаи онҳоро?

Мардуми Тоҷик мардуми боғурур аст.
Мардуми Тоҷик мардуми сарбаланд аст. Ҳамеша дар таърих бо меҳнати ҳалол зиндагонӣ кардааст. Ҳамеша оромиву суботро авлотар донистааст. Аммо сабр ҳам ҳадду андоза дорад.

Мо мехоҳем тамоми мардуми Тоҷикистонро даъват кунем, ки дигар хомӯш набошанд. Шумо сазовори дифоъ ҳастед. Агар давлат ин масъулиятро иҷро намекунад, пас мардум бояд масъулияти таърихии худро ба дӯш бигирад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон агар бо ҳам бошанд, агар садои якдигар бошанд, метавонанд на танҳо таҳқиру зулмро хотима бахшанд, балки дигар миллатҳои мазлумро низ ба бедорӣ водор созанд. Ин нерӯ дар дасти мост. Вақти он расидааст, ки дигар таҳаммули хомӯширо қатъ кунем.

Мо бояд якпорчагӣ ва бедории сиёсиро ба амал орем. То дигар ҳеҷ як Тоҷик дар кӯчаҳои Маскав, Санкт-Петербург ва дигар манотиқи Руссия зери мушту лағати наҷодпарастони рус намонад. То дигар хуни Тоҷик беҷавоб намонад. То дигар номи мардуми Тоҷик бо таҳқир ба забон оварда нашавад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза