7.1 C
Dushanbe
30.12.2024

ХИЁНАТИ РӮЗИ ЗАБОН АЗ ТАРАФИ РАҲМОНОВ ВА ИВАЗ КАРДАНИ РӮЗИ ОН БА РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ ХУДАШ

Забон ҳуввияти як миллат аст: хиёнати миллӣ ба воситаи таҳриф ва тақаллуби режими хоин!

Забон – яке аз муҳимтарин унсурҳои фарҳангӣ ва ҳуввияти як миллат аст. Забон на танҳо воситаи муошират, балки пояи худшиносӣ, таърихи маънавӣ ва омили муттаҳидкунанда барои як миллат ба шумор меравад. Вақте, ки забон тағйир меёбад ё таҳриф мешавад, ин танҳо як тағйироти луғавӣ нест, балки ба як хиёнат ба мардуми худ, фарҳанги худ ва таърихи миллат табдил меёбад.

Дар Тоҷикистон, ба назар мерасад, ки чунин хиёнатҳо аз ҷониби роҳбари ғайриқонунии кишвар Раҳмонов зиёд мушоҳида мешавад. Хусусан, вақте ки ӯ рӯзи Забони Тоҷикӣ, ки 22-юми июн таҷлил мешуд, ба 5-уми октябр — рӯзи таваллудаш иваз намуд, ин амал як таҳриф ва таҳқири ҷиддии арзишҳои миллӣ ва фарҳангии тоҷикон аст.

Забон, ки таҷассумгари ҳастии маънавии миллат мебошад, набояд василаи худхоҳии роҳбарони сиёсӣ шавад. Тағйири рӯзи забон ба рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон як амалест, ки дар ҳеҷ ҳолат наметавон онро тавҷеҳ кард. Ин иқдом на танҳо як рӯйдоди забонӣ аст, балки нишон медиҳад, ки то куҷо роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон аз мардум дур шуда, аз манфиатҳои шахсӣ бар манфиатҳои миллӣ афзалият медиҳад.

Бо ин амалаш Раҳмонов таърих ва фарҳанги миллӣ, ки аз асрҳо бой аст ва бо муборизаҳо ва заҳматҳои аҷдоди мо пеш рафтааст, ба манфиатҳои худ хизмат мекунад. Ин кор нишон медиҳад, ки барои ҳукумати кунунӣ забон, фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ на бештар аз воситаи сиёсии худхоҳӣ аст.

Раҳбаре, ки борҳо ба тақаллуб дар интихобот муттаҳам шудааст, ҳоло бо забони миллат бозӣ мекунад. Ба назар мерасад, ки Раҳмонов забонро мисли сиёсат воситаи худро медонад. Ин чиз хиёнати ошкор ба миллат аст. Вақте, ки як шахс ва ё гурӯҳи хос забонро барои ҳадафҳои худ истифода мебарад, вай кӯшиш мекунад, ки таъсири идеологии худро ба қавми худ бор кунад ва онҳоро аз ҳақиқат дур созад.

Тағйири таърихҳои муҳим ба хотири шахсиятпарастӣ ва худпарастӣ нишонаи равшани ҳокимияти худкома аст, ки мекӯшад ба воситаи ҳар гуна василаҳои дастрас худашро дар саҳнаи сиёсӣ нигоҳ дорад. Ин шеваи идоракунӣ на танҳо бар ҳуввият ва забони миллат таъсири манфӣ мерасонад, балки боиси пошхӯрии пайванди халқ ва роҳбарияташ мегардад.

Ин гуна сиёсати хиёнаткорона метавонад дар дарозмуддат забони тоҷикӣ ва тамоми фарҳанги миллиро дар хатар гузорад. Миллате, ки забони худро гум мекунад, дар ҳақиқат, ҳастии худро гум мекунад. Забон – ҷузъи муҳими худшиносӣ ва давлатдории миллист. Вақте ки он таҳриф мешавад ё барои манфиатҳои шахсӣ истифода бурда мешавад, пайванди ҷовидонаи миллат бо гузаштааш канда мешавад.

Ҳар як миллати бузург бояд барои ҳифзи забон ва фарҳанги худ талош кунад. Аммо дар шароите, ки роҳбарияти сиёсӣ бо чунин хиёнаткорӣ ва тақаллуб ба забон муносибат мекунад, худи мардум бояд бо ирода ва қувваи худ барои ҳифзи забон, фарҳанг ва ҳуввияти худ биистанд.

Дар таърихи миллатҳо, хиёнат ба забон мисли хиёнат ба ватану миллат аст. Тағйири рӯзи забони тоҷикӣ ба рӯзи таваллуди роҳбари имрӯзаи Тоҷикистон – як амали ғайриқобили қабул ва хилофи манфиатҳои миллист.

Аз ин рӯ рӯзи дуздидашудаи Забон ба асли худ 22-июл бар гардогида шавад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза