Ба мардуми Тоҷикистон…
Ман, Фируз Бобоев, маъруф ба Зайд имрӯз аз як кунҷи утоқи сард ва бегона, паси панҷараҳои зиндон, ба шумо хитоб мекунам! Ман намедонам, ки ин нома ба шумо хоҳад расид ё не, ман намедонам, ки пас аз ин, оё бори дигар нури озодиро хоҳам дид ё не… Вале ман инро медонам: агар ман имрӯз хомӯш монам, фардо ҳазорҳо нафари дигар мисли ман қурбони ин низоми золим хоҳанд шуд.
Ман ҳеҷ гуноҳе надорам. Ман танҳо як ҷавон ҳастам, ки орзуи як Тоҷикистонеро дошт, ки дар он адолат ҳукмфармо бошад, мардум тарс надошта бошанд ва ҳар кас ҳақ дошта бошад, ки озодона сухан гӯяд, фикр кунад, зиндагӣ кунад… Вале дар ивази ин орзуву ормон, имрӯз ман дар вартаи истирдод қарор дорам.
Агар маро ба Тоҷикистон фиристанд, тақдири ман аллакай маълум аст. Онҳо маро шиканҷа мекунанд, барои корҳое, ки накардаам, муттаҳам месозанд, аз ман эътирофоти дурӯғӣ мегиранд ва шояд дигар ҳеҷ гоҳ ному нишонам пайдо нашавад… Ҳамон тавре садҳо нафар пеш аз ман нопадид шуданд. Ва садҳо нафар бо ҷурми ҳақиқатгӯӣ ва озодихоҳӣ зинда дар қабри зиндонҳои ин режим пӯсида истодаанд.
Ман имрӯз хитоб ба шумо, ба тамоми мардуми шариф ва озодидӯсти Тоҷикистон мегӯям: бедор шавед! Имрӯз маро мебаранд, фардо дигареро, пасфардо шуморо… Ин зулм ҳеҷ гоҳ худаш хотима намеёбад, агар мардум хомӯш бимонанд.
Агар ман дигар набошам, агар садоямро дигар нашунавед, хоҳиш мекунам маро фаромӯш накунед. На танҳо маро, балки ҳамаи онҳое, ки қурбонии ин низоми золим шуданд. Ман ба муборизаи шумо умед дорам, ман ба он бовар дорам, ки рӯзе адолат пирӯз мешавад, ки ин хоку ин мардум дигар поймол намешаванд, ва ҳақиқат рӯшноӣ меёбад.
Ба Тоҷикистон салом! Ба ҳамаи онҳое, ки барои ҳақиқат ва озодӣ меҷанганд – дар ҳаққи банда бо дуо бошед!
Бо муҳаббат ва умед, (Зайд) Фируз Бобоев