0.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Хабари фаврӣ

Намояндаи “Гурӯҳи 24 “ дар Туркия – Насимҷон Шарифов дар шаҳри Истонбул аз пагоҳии имрӯз, 23.02.2024 бедарак гаштааст. 

Ӯ аз пагоҳии имрӯз дар тамос нест ва гушиаш низ хомӯш аст.  То ҳанӯз аз Насимҷон ҳеҷ хабаре нест ва дар куҷо қарор доштанаш ҳам номаълум аст.  Намояндагони “Гурӯҳи 24” дар Туркия солҳои охир ҳамвора навиштаҳои таҳдидомезе дарёфт мекарданд, ки ба зудӣ кушта ва ё ба Тоҷикистон рабуда хоҳанд шуд! 

Насимҷон Шарифов январи соли 2015-ум ба Туркия сафар карда буд ва то имрӯз дар ҳудуди Туркия қонунӣ ва бидуни вайрон кардани кудом қонуни ин кишвар ба сар мебурд. Ӯ боре бо роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар дар соли 2018 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир ва зиндонӣ шуда буданд, вале баъди ду моҳ, додгоҳи шаҳри Истанбул Насимҷон Шариповро сафед ва озод кард. Баъдан, Насимҷон боз ду бори дигар аз тарафи пулиси шаҳри Истанбул боздошт ва раҳо шуда буд. 

Мақомоти Тоҷикистон барои бозпас бурдани намояндагони “Гурӯҳи 24” дар Туркия ба таври расмӣ муваффақ нашуда буданд. Эҳтимол меравад, ки Насимҷонро ин бор рабуда бошанд! 

Талоши мо барои пайдо кардани Насимҷон то ҳол бенатиҷа буд. Ва мо умедворем, ки ӯро ҳарчӣ зудтар сиҳату солим пайдо мекунем. 

“Гурӯҳи 24” аз тамоми ҳамватанони чӣ дар хориҷ ва чӣ аз дохил, хоҳиш мекунад, ки дар робита ба пайдо кардани Насимҷон бо мо ҳамкорӣ кунанд ва камтарин иттилоъ дар бораи ӯ агар касе дошта бошад, ба мо расонад! 

Барои кумакҳо ва ҳамкориҳоятон пешопеш сипозгузорӣ мекунем! 

Дар сурати пайдо шудани камтарин маълумот, мо онро ба шумо мерасонем!

Ҳаракати сиёсии «Гуруҳи 24»

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза