3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Хабари фаврӣ! Бозпурсии хонаводаи муборизони “Гурӯҳи 24” аз ҷониби мақомоти милиса ва амнияти ҳукумати Раҳмонов

Пеш аз он ки диктатор Раҳмонов ба Аврупо сафар кунад, мақомоти амният ва милиса ба хонаводаи аксари мухолифини ҳукумати ин золим аз “Гурӯҳи 24” ҳушдор дода буданд, ки мабодо алайҳи ин диктатор дар Аврупо музоҳарае анҷом диҳанд. Сар аз сафари Раҳмонов ба кишвари Суис, инак кормандони мақомоти “амният” чанд рӯзест, ки ба аҳли хонаводаи Салмон Холиқов – муҷрии барномаи “Садои мардум”, Муҳаммадраҷаб Сайидалиев – намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Олмон, Хурсанд Наҷмиддинов ва чанде дигар фишор оварда, шиканҷаи равонӣ анҷом медиҳанд.

Албатта, ин бори аввал нест, ки ин сагони хоин ба хонаводаҳои муборизон барои хушнудии Раҳмонов фишор меоранду шиканҷа мекунанд, вале ин аҳмақон бояд дарк кунанд, ки ин роҳи ҳал нест ва ҳеҷ самаре ҳам нахоҳад дод. Ин кормандони хоини давлат замоне хоки муқаддаси кишвар ба бегонагон фурӯхта мешавад, хомӯшанд. Вақте бегона ба кишвар ҳуҷум меораду дар марз даҳҳо ҳамватани моро мекушад, боз ҳам хомӯшанд ва ба ҷои қисос ва посухи муносиб додан, гулу гулдаста равон мекунанд. Аммо барои волидайни як ҳамватани худ, ки дар роҳи озодӣ, дар роҳи адолати иҷтимоӣ, дар роҳи мубориза бо дуздони ватанфурӯш ба по хестаанд, фишор меоранду ба мақомот даъват мекунад.

Бояд бидонанд, ки ҳар муборизе дар ин роҳ баромадааст, барои ободӣ, озодӣ ва пешрафти ин кишвар ва ин мардум, аз баҳри тамоми наздикони хеш гузаштаанд . Айни ҳамон Восеъу Темурмалику Шераку Деваштиҷу Шириншоҳу Айнию дигаронанд, ки мехоҳанд миллатро аз дасти ин қотилону фасодкорони ҳукуматӣ бираҳонанд! Торих ва торихнависон инро дар худ дарҷ хоҳанд кард! Номи инҳо дар даҳсолаҳои оянда чун қаҳрамони миллати тоҷик, муборизони ҷонбаркаф навишта хоҳад шуд, вале шумо дар ҳарду дунё рӯсиёҳ боқӣ хоҳаенд монд ва ояндаи ин миллат барои шумо нафрин хоҳанд фиристод! Ҳавосатон бошад, ки имрӯзу фардо ҳам ин диктатори фартуд ҳам нобуд хоҳад шуд, вале шумо хоҳенд монду ин мардум ва қонун!

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза