-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Фоҷеаи Бадахшон идомаи саркӯби озодандешӣ аз ҷониби режими Раҳмонов аст!

 Аз 14 май инҷониб  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эътирозҳо идома доранд. Ин минтақа аз моҳи ноябри соли 2021, пас аз он ки Гулбидин Зиёбеков дар ҷараёни як амалиёти вижа аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ кушта шуд, ноором аст. Он замон сокинони осоишта муддати чаҳор рӯз ба муқобили беадолатӣ эътироз баён карданд ва мақомот ба эътирозгарон ваъда дода буданд, ки гунаҳкорони марги Зиёбеков муҷозот мешаванд, низомиён аз минтақа хориҷ мешаванд, интернет ва алоқаи мобилӣ барқарор карда мешавад ва эътирозгарон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Мардум интизор буданд, аммо мақомот то ба ҳол ҳеҷ ваъдаи худро иҷро накардаанд. Илова бар ин, боздошти афроде, ки дар эътирозҳои моҳи ноябр ширкат доштанд, пайваста идома меёфт.

Вақте маълум шуд, ки зодагони ВМКБ, ки дар Маскав барои пуштибонӣ аз ҳамватанони худ гирдиҳамоӣ оростанд, таъқибу боздошт ва ба зиндон маҳкум мешаванд, норозигӣ афзоиш ёфт ва ба авҷи худ расид. Амриддин Аловатшоев ва Чоршанбе Чоршанбеев аз Русия ғайриқонунӣ ихроҷ шудаанд. Аловатшоев ба муддати 18 сол ва Чоршанбеев ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин буд амали мақомоти Тоҷикистон ба ҷои ваъдаи таъқиб накардани эътирозгарон!  Гузашта аз ин, Чоршанбе Чоршанбеев ҳеҷ гоҳ бо сиёсат кор надошт, ҳеҷ гоҳ режими Раҳмоновро маҳкум накардааст. Ин ҳукмҳои ноодилона мавҷи хашму ғазаби мардуми Бадахшонро зиёдтар кард. Дар натиҷа рӯзи 14 майи соли равон ҳудуди 200 нафар ба эътироз ба Хоруғи Боло омаданд ва дар назди мақомот чунин талабҳо гузоштанд: истеъфои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва раиси шаҳр Ризо Назарзода, барҳам додани ҳама гуна монеаҳои роҳ ва поён бахшидан ба таъқиби сокинони Бадахшон. Мақомот тамоми талабҳои эътирозгаронро ғайриқонунӣ хонда, аз сокинони маҳаллӣ тақозо карданд, ки гирдиҳамоии эътирозиро қатъ кунанд. Аммо эътирозҳо идома ёфтанд ва рӯзи 16 май ба гуфтаи бархе манобеъ, пулис бидуни огоҳӣ ба сӯи издиҳом тирандозӣ кард. Дар натиҷаи истифодаи нерӯи пулис сокини шаҳри Хоруғ Замир Назаршоев кушта ва чанд нафар захмӣ шуданд.

 Дар бораи рӯйдодҳои минбаъдаи Хоруғ  маълумоти бештару дақиқтар пайдо кардан мушкил аст, зеро вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷаҳони беруна аз ҷиҳати иттилоотӣ канда шуда, интернет ва алоқаи мобилӣ дар минтақа комилан баста шудааст.

Матбуоти мустақил пас аз ҳамла ба хабарнигорони оҷонсии  «Азия Плюс» аз сабаби бозтоби авзоъ дар Бадахшон аз расонавӣ кардани вазъ метарсад. Ин оҷонсӣ расман изҳор дошт, ки дар сурати идомаи бозтоби гирдиҳамоӣ дар ВМКБ ба хатари бастани нашрия аз ҷониби мақомот рӯбарӯ ҳастанд. Расонаҳои хориҷӣ бошанд, аз аккредитатсия маҳрум шуданд.

Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, ҳоло дар Бадахшон як фоҷиаи воқеӣ рух додааст. Раҳмонов барои ҳокимият бар халқи худ ҷанги ҳақиқӣ мебарад. Эътирозҳои осоишта бо тарзи ваҳшиёна пахш карда мешаванд.

Ҳудуди 500-600 нафар сокинони Рӯшон бо шумули занону кӯдакон ба хиёбонҳо рехтанд, то монеи ҳаракати корвони низомӣ ба сӯи Хоруғ шаванд.  Вақте сокинони маҳаллӣ аз пароканда шудан худдорӣ карданд ва монеи убури низомиён шуданд, ба онҳо амр дода шуд, ки то шом пароканда шаванд. Онҳо барои озодӣ ва адолати худ то охир истода буданд. Рӯзи 18 май бо фармони Раҳмонов ба сӯи издиҳоми бесилоҳ оташ кушода шуд, хонаҳои сокинони маҳаллӣ низ тирборон карда шуданд, бисёриҳо кушта ва захмӣ шуданд. Дар саросари Рӯшон боздоштҳо ҷараён дорад, мардумро то ҳадди мурдан мезананд.

Боз чӣ қадар хуни бегуноҳ рехта мешавад ва режими Раҳмонов боз чанд қурбонӣ меорад, маълум нест?

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин аъмоли ғайридемократӣ, ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонии режими ҷинояткори Раҳмоновро сахт маҳкум карда,  ба наздикони қурбониён таслияти амиқ баён мекунад ва аз мардуми шарофатманди дигар манотиқи Тоҷикистон даъват менамояд, ки барои пуштибонӣ аз мардуми Бадахшон садои худро баланд кунанд, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар даъват ба амал меорад, ки нисбати ҳаводиси ахири ВМКБ хомӯш набошанд ва ба он баҳои сазовор диҳанд.

 

Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза