-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Фаврӣ!! Насимҷон Шарипов озод шуд

Сӯбҳи имрӯз (14.03.2020) Насимҷон Шарипов – намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Туркия, аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод шуд.
Насимҷон Шарипов пеш аз зӯҳри 12-уми март аз ҷониби мақомоти пулиси Истанбул дар вақти корӣ ва аз ҷои кораш боздошт шуда буд. Ибтидо, ӯро ба шӯъбаи пулис бурданд ва баъд аз он, дирӯз ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳраки Чаталҷа барои муҳоҷирон интиқол дода шуд.
“Гурӯҳи 24” барои озодии Шарипов аз ду вакили турк дархости ба ӯҳда гирифтани ин қазияро кард ва ӯ сари вақт бо вакилони дифоъ таъмин карда шуд.
Хушбахтона, сӯбҳи имрӯз бо хости Худо ва дастгирию тарафдории ҳамватанон ва дуои неки бузургон, Насимҷон ба озодӣ баромад.
“Гурӯҳи 24” паси ин моҷаро даст доштани режими худкомаи Раҳмоновро мебинад, ки аз қудрат суйистифода намуда, машғули рабудани мухолифон бо ҳар роҳу васила мебошад, вале ин дафъа ноком гашт.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба тамоми шахсон ва расонаҳое, ки дар боздошти ӯ бетараф набуданд, изҳори сипос менамоянд.
Қарор аст дар наздиктарин фурсат, худи Насимҷон ба ин боздошт, сабабҳо ва паҳлӯҳои раҳоӣ аз он, ба шумо рӯшанӣ андозад.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”


Насимҷон Шарипов баъд аз озодӣ

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза