Бо қарори Раиси Кумитаи иҷроия Дилшод Шарипов, тағйироти муҳиме дар ҳайати роҳбарият ва масъулиятҳои калидӣ тасдиқ шуданд. Ин қарорҳо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаолият ва тақвияти иқтидори ҳаракат қабул гардиданд.
Ҳусейн Ашуров: Ҷойнишини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” таъин гардид.
Ҳусейн Ашуров ҳамзамон масъули бахши равобити хориҷӣ таъин гардид.
Абузар Хоҷазода:
Масъули бахши кадр ва кадрсозӣ таъин гардид.
Зафар Ғоибов:
Масъули бахши иттилоот таъин гардид.
Муҳаммадҷон Абдуллоев: Масъули бахши фарҳанг таъин гардид.
Сайдалӣ Ашуров:
Сухангӯи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” таъин гардид.
Намояндагони ҳаракат дар кишварҳои гуногун:
Хурсанд Наҷмиддинов: Намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар Аврупо таъин гардид.
Юсуф Амиров:
Намояндаи ҳаракат дар Амрико таъин гардид.
Ҳикматуллоҳ Баҳодуров: Намояндаи ҳаракат дар Гурҷистон таъин гардид.
Холназар Лоиқов: Намояндаи ҳаракат дар кишвари Олмон таъин гардид.
Беҳрӯз Тағойзода, ки қаблан масъули бахши иттилоот буд, аз вазифа озод карда шуд. Роҳбарияти ҳаракат ба ӯ барои саҳми арзандааш дар пешбурди фаолияти иттилоотӣ изҳори сипос менамояд.
Ин ислоҳот бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, тақвияти роҳбарият ва таҳкими мубориза барои озодӣ, адолат ва ислоҳоти осоишта ва мардумсолорӣ дар Тоҷикистон амалӣ гардидаанд. “Гурӯҳи-24” бо талошҳои худ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии ҳаракат бо иродаи қавӣ идома медиҳад.