41.1 C
Dushanbe
23.07.2025

ТАЪЗИЯНОМА

Бо андуҳи беандоза даргузашти Шодмон Юсуф

-ро ба аҳли оила, дӯстону шогирдон ва тамоми мардуми озодандеши тоҷик таслият мегӯем.

Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» бо эҳсоси андӯҳи амиқ хабар ёфт, ки яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ ва фарҳангӣ, бунёдгузори Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Шодмон Юсуф , дар шаҳри Венаи Утриш (Австрия) чашм аз ҷаҳон пӯшид.

Шодмон Юсуф дар тӯли ҳаёти худ ҳамчун сиёсатмадори ҳақгӯ, барои озодӣ, адолат, арзишҳои демократӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ заҳмат кашид. Ӯ яке аз аввалин муаррифгарон ва ҳомиёни демократияи воқеӣ дар Тоҷикистон буд, ки дар шароити душвори сиёсӣ ва зери фишорҳои сахт ҳеҷ гоҳ аз роҳи ҳақ нагашт.

Садоқати ӯ ба миллат, таълимоти ӯ дар бораи инсонгароӣ, ва муборизаи нотарсонааш барои адолат намунаи ибрат барои наслҳои оянда хоҳад монд. Дарди рафтани чунин шахси бузургро бо сухан наметавон тасвир кард, аммо мероси маънавии ӯ дар таърихи муборизоти озодихоҳии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад монд.

Равонаш шод ва ҷойгоҳаш ҷовидон бод.

Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза