14.1 C
Dushanbe
09.03.2025

Тахриби Чойхонаи “Роҳат” – Қатли Таъриху Ҳувият

 

Тахриби Чойхонаи “Роҳат” – яке аз рамзҳои фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон, бори дигар чеҳраи ҳақиқии режими зиддимиллии Раҳмонновро ошкор кард. Чойхонае, ки аз соли 1958 пойгоҳи муҳаббат, шеъру адаб ва андешаи миллӣ буд, маконе, ки дар он бузургон мисли Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Маҳмудҷон Воҳидов ва дигар шахсиятҳои бузурги тоҷик лаҳзаҳои беназири худро сипарӣ карда буданд, имрӯз танҳо ба хотири тамаъ ва нотавонии идораи режим аз байн бурда шуд.

Ҳеҷ як миллате, ки таърихи худро эҳтиром мекунад, рамзҳои фарҳангии хешро аз байн намебарад. Аммо режими диктотурии Раҳмонов– як давлати худкома ва мафиозӣ – борҳо собит кардааст, ки ӯ бо фарҳангу таърихи тоҷикон душманӣ дорад. Агар ӯ воқеан як роҳбари миллӣ мебуд, пас наметавонист ба худ иҷозат диҳад, ки ин ганҷинаи фарҳангиро тахриб кунад.

Аммо чӣ тавр як режим метавонад миллатдӯст бошад, вақте ки:
• Китобхонаро ба маркази савдо табдил медиҳад,
• Чойхонаро вайрон карда, ба ҷои он бинои бемаънӣ месозад,
• Ба ҷойи таҳкими ҳувият ва фарҳанг, миллатро аз таърихи худаш ҷудо мекунад.

Ин танҳо як ҳамла ба як бино нест, балки ҳамла ба хотираҳои наслҳои гузашта, ба ҳофизаи фарҳангӣ ва миллии тоҷикон аст.

Режими Раҳмонов ҳамеша бо шиорҳои дурӯғини “ободӣ” ва “муосирсозӣ” ин амалҳои зиддимиллиашро сафед мекунад. Вале барои ҳар як шахси боақл равшан аст, ки ин “ободӣ” танҳо василае барои идомаи фасод ва манфиатҳои шахсӣ мебошад. Ҳар як харобкории онҳо – аз театр то чойхона – як бахши лоиҳаи нобудсозии худшиносии миллӣ аст.

Ба ҷои “Чойхонаи Роҳат” чӣ месозанд? Як фавораи дигар? Як бинои бетамаддун ва бемаънӣ? Оё як фавора метавонад ҷойгузини таърихе шавад, ки наслҳо дар он тарбия ёфтаанд? Дар ҳеҷ кишвари дунё чунин беҳурматӣ нисбат ба таърих дида намешавад. Ҳатто дар давлатҳои пешрафта, ки тамоми сохтмонҳояшон муосир ҳастанд, осори таърихиро ҳифз мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон, ки як диктатори золим тамоми қудратро ба даст гирифтааст, фарҳанг ва таърих танҳо монеа барои ғорати ӯст.

Миллати тоҷик бояд аз хоб бедор шавад! Мо наметавонем сукути худро идома диҳем, вақте ки як режим ҳар рӯз пояҳои ҳастии миллии моро тахриб мекунад. Тахриби “Чойхонаи Роҳат” танҳо як мисол аз садҳо ҷиноятҳои ин режим аст. Агар имрӯз хомӯш бошем, пагоҳ дигар рамзҳои миллиамон низ аз байн хоҳанд рафт.

“Чойхонаи Роҳат”-ро вайрон карданд, вале рӯҳи фарҳанг ва хотираи миллат ҳеҷ гоҳ аз байн нахоҳад рафт. Ин зулм рӯзе ҷавоби худро хоҳад гирифт. Миллат наметавонад то абад таҳти пои як режими золим бимонад!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза