Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти худро ба хонадони Волоҳазрат Оғохони IV ва тамоми ҷомеаи исмоилӣ дар саросари ҷаҳон баён мекунад.
Оғохони IV шахсияти бузурги рӯҳонӣ ва пешвои маърифатпарвар буд, ки тамоми умри худро ба хидмати инсоният, таҳкими сулҳ, рушди маориф ва беҳбудии ҷомеа бахшида буд.
Дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ, бахусус дар давраи Ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Волоҳазрат Оғохони IV кӯмаки зиёде ба мардуми Тоҷикистон расонид. Бо талошҳои ӯ ҳазорон нафар имкони дастрасӣ ба ғизо, доруӣ ва шароити беҳтари зиндагиро пайдо карданд. Наҷоти бисёре аз ҳамватанони мо аз гуруснагӣ ва муҳтоҷӣ ба шарофати саховатмандӣ ва инсондӯстии ӯ имконпазир шуд.
Мероси ӯ, ки бар асоси инсонпарварӣ, адолат ва маърифат бунёд шудааст, ҳамеша илҳомбахши исмоилиёни ҷаҳон хоҳад монд.
Дар ин лаҳзаи сангин, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба хонадони Волоҳазрат, Имомати исмоилӣ ва тамоми пайравони ӯ дар саросари ҷаҳон ҳамдардии амиқи худро изҳор намуда, худро дар дарду андӯҳи онҳо шарик мешуморад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”