8.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Тарҳи парвандаи М. Ҳаётов дар нишасти кории САҲА ва вокуниши ғайримантиқии Ализода

Рӯзи 20-уми сентябри соли ҷорӣ, масъули Равобити хориҷии “Гурӯҳи 24” – Нуриддин Ризоӣ дар нишасти солонаи САҲА дар шаҳри Варшав, ки имсол аз 16-ум то 27-уми сентябр идома хоҳад ёфт, перомуни қазияи узви боздоштшудаи “Гурӯҳи 24” – Мустафо Ҳаётов дар Лаҳистон суханронӣ кард. Ҷаноби Ризоӣ хитоб ба намояндагони Лаҳистон аз рафт ва чигунагии ҳоли Ҳаётов бозгӯӣ кард ва таъкид кард, ки Мустафо Ҳаётов дар пешорӯи хатари истирдод ба Тоҷикистон қарор дорад ва дар сурати истирдод шудан, ӯро зиндони тӯлонӣ ба муддати 15 сол ва бештар аз он бо дарбаргирии шиканҷаю озорҳо интизоранд. Ӯ аз мақомоти Лаҳистон озодии Мустафо Ҳаётовро талаб кард.

Дар посух ба дархостҳои Нуриддин Ризоӣ, намояндаи кишвари Лаҳистон дар САҲА ваъда доданд, ки қазияи Ҳаётов баррасӣ хоҳад шуд. Пас аз суханронии намояндаи Лаҳистон, Зариф Ализода, мушовири президент оид ба масоили ҳуқуқи инсон ва намояндаи расмии Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти САҲА мисли ҳамешагӣ эътироз намуда, суханҳои дурӯғ ва беасосу бемантиқи худро ба намоиш гузошт ва ҳайати беарзиши худро боз беарзиштар кард. Ализода “Гурӯҳи 24”-ро як гурӯҳи террористӣ ном бурда, аз мақомоти Лаҳистон хост, ки онҳоро дар кишвари худ паноҳгоҳ надиҳанд. Ӯ эътирозан баён кард, ки гӯиё Мустафо Ҳаётов аз соли 2018 узви ҳаракати “Гурӯҳи 24” шуда бошад, дар ҳоле ки Ҳаётов сар аз соли 2014 аз “Гурӯҳи 24” тарафдорӣ мекард ва аз оғози соли 2016-ум, ӯ расман на танҳо ба узвияти гурӯҳ дохил шуд, балки масъулияти таблиғии “Гурӯҳи 24”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар дӯш гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Мустафо Ҳаётов бештар аз як сол мешавад, ки дар яке аз боздоштгоҳҳои махсус барои истирдодшавандагон дар кишвари Лаҳистон қарор дорад ва ӯ чанде пеш дар эътироз ба тулонӣ шудани боздошташ, тӯли 11 рӯз даст ба гуруснанишинӣ зада буд.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза